Хиёнат нобахшиданист!

Хиёнат нобахшиданист!

Дар Маркази таълимӣ, илмӣ-клиникии “Стоматология”, кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ бо иштироки донишҷӯёни курси 2 гуруҳи 2 ва курси 4 дар мавзӯи “Хиёнат нобахшиданист!” мизи мудаввар бо роҳбарии директори марказ н.и.т Одинаев И. С., н.и.т Ёраков Ф.М. ва иштироки сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи донишгоҳ   Таибов С. А. баргузор гардида, филми ҳуҷатии  “Хиёнат “намоиш дода шуд.

  Дар ибтидо директори марказ н.и.т Одинаев И. С. баромад намуда афзуд, ки ҳар давлатро таҳдидҳое фаро гирифта метавонанд, ки хусусиятҳои дохилӣ ва берунӣ доранд. Ба гурӯҳи таҳдидҳои дохилӣ экстремизм, терроризм, ҷиноятҳои муташаккилона, коррупсия, нашъаҷаллобӣ ва дигар зуҳуроти ба ин монанд шомиланд, ки метавонанд амнияти давлат ва ҷомеаи моро халалдор созанд. Дар робита ба ин масъала дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри  соли 2017 Президенти кишвар бори дигар таъкид намуданд, ки солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Имрӯз зарурати таърихӣ пеш омадааст, ки дар мубориза алайҳи ин зуҳуротҳои хатарнок, ки ба соҳибихтиёриву истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва амнияти ҷомеаи башар дар умум таҳдид мекунанд, дар қатори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, тамоми қувваҳои солими ҷомеа, ҳар як шахси бонангу номус, ватандӯсту соҳибмаърифат мубориза баранд.

Асисстенти ҳамин кафедра  н.и.т Ёраков Ф.М. ба сухан баромада яке аз мушкилоти имрӯзаи ҷаҳони муосирро шомил шудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои  ифротгаро номид. Хушбахтона хиради азалии мардум, сиёсати сулҳҷӯёна ва инсонпарваронаи Роҳбари муаззами мардуми тоҷик, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки манфиати миллат ва ватанро аз ҳама боло дониста, хатари заволи давлатдории тоҷиконро эҳсос намуданд, имкон дод, то дар муддати нисбатан кӯтоҳ дар кишвари мо сулҳу оромӣ аз нав пойдор гардида, мо 29 умин солгади Истиқлолияти давлатиро дар фазои сулҳу ороми ҷашн мегирем.  Барои он, ки мардуми мо, хусусан, ҷавонон маърифати созанда дошта бошанд  бояд ҳар як идораву муассиса, ҳар як фарди дилогоҳу ватандӯст, ҳар кадоми мо даст дар дасти ҳам ниҳем ва дар ҳамбастагӣ онҳоро аз ҷодаи торики гумроҳӣ то шоҳроҳи мунаввари ваҳдат ҳамроҳӣ намоем. Амалиётҳои террористӣ ва шомил шудан ба гурӯҳҳои эктремистӣ боиси қурбониҳои зиёди инсонӣ мегарданд, ба оммаи васеи одамон фишори сахти рӯҳӣ меоранд, арзишҳои моддиву маънавиро нобуд месозанд, дар байни давлатҳо тухми нифоқ мепошанд, байни гурӯҳҳои иҷтимоиву миллӣ нобоварӣ ва адоватеро ба вуҷуд меоранд, ки баъзан дар муддати ҳаёти як насл онҳоро бартараф кардан аз имкон берун мегардад.

Дар охири нишаст таъкид гардид, ҳар фарди тоҷикистонӣ вазифадор аст, ки пеш аз ҳама, худаш намунаи ибрат бошад, нангу номуси ватандорӣ дошта бошад, мардуми кишвар ва ҷавононро ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят намуда, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнатро ба манфиатҳои миллат ва давлат гирад, воло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту меҳанпарвар бошад!

Таибов С. А. - сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

З.Турсунова - мутахассиси шуъба



7
6
5
4
3
2
1
3
2
1
28.08.2020 193