Эҳтироми забони модарӣ - эҳтироми миллат

Эҳтироми  забони модарӣ  -  эҳтироми миллат
Дирӯз дар Бинои нави таълимии донишгоҳ бо ташаббуси мудири кафедраи забони тоҷикӣ, профессор Қосимов О.Ҳ. ва устодони кафедраи забони тоҷикӣ бахшида ба ин ҷашни муҳим – Рӯзи байнамилалии забони модарӣ ва 700-солагии Камоли Хуҷандӣ чорабинии адабӣ – фарҳангӣ баргузор гардид. Дар он намояндаи шуъбаи илми донишгоҳ, дотсент Ҷамолова Р.Ҷ., мудирони кафедраҳо, намояндагони бахши тарбия ва фарҳанги донишгоҳ, инчунин доираи васеи донишҷӯён иштирок карданд. Дар рафти чорабинии мазкур омӯзгорони кафедраи забони тоҷикӣ доир ба таърихи дирӯз ва имрӯзи забони тоҷикӣ бо маърӯзаҳои пурмазмуни илмӣ баромад карданд ва аз тарафи донишҷӯён низ дар васфи забон , қадри сухан, фарҳанги суханронӣ ва аз эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ қироати шеърҳо сурат гирифт. Донишҷӯёни курси 1-уми факултети тиббӣ Ҷалилова Фараҳноз (гурӯҳи 44), Муродзода Бежан (гурӯҳи 49) ва Ашурзода Худойдод (гурӯҳи 61) доир ба аҳамияти забони модарӣ ва эҷодиёти намояндаи барҷастаи адабиёти классикии тоҷик Камоли Хуҷандӣ гузориш доданд. Инчунин донишҷӯёни курси 1-уми факултети тиббӣ Исмоилова Мавзуна, Мунисаи Абдулхайр (гурӯҳи 21), Муқимова Фараҳноз (гурӯҳи 61), Файзуллоева Сафаргул (гурӯҳи 14), Зарипова Озода (гурӯҳи 14), Қурбонова Лейла, Ғаниева Муаттара, Камолова Хадича ва Норова Нигина (гурӯҳи 42), Турақулова Муниса (гурӯҳи 50) ва Ҷалилова Фараҳноз (гурӯҳи 44) бо қироати шеърҳо баромад намуда, маҳорати баланди суханварӣ нишон доданд. Дар ҷараёни ҷашн донишҷӯи курси 1-уми гурӯҳи 4-и факултети тиббӣ Шамсова файзигул бо рақсҳои дилошуб хотири иштирокдоронро шод гардонид. Донишҷӯёни номбаршуда аъзоёни маҳфили адабии «Авҷи Зуҳал»-и кафедраи забони тоҷикӣ буда, таҳти сарварии бевоситаи роҳбари маҳфил – муаллими калони кафедра Суфиева Г.А. фаъолият доштанд.
Дар баргузории ин чорабинӣ инчунин устодони кафедра – Зуҳуров Н.Б., Олимова М.М., Суфиева Г.А,, Калонова М.Ҷ., Раҳимов Т.Ф. ва Саидова Б.М. саҳми назаррас доштанд. Ровии чорабинии мазкур донишҷӯи курси сеюми гурӯҳи 45-и факултети тиббӣ, ғолиби озмунҳои ҷумҳуриявӣ оид ба суханварӣ Ҳомидов Иззатулло буд, ки ин ҷашнро бо маҳорати баланди суханороӣ роҳандозӣ намуд.
Баргузории чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани масъулияти ҳар як шахс, махсусан ҷавонон дар роҳи нигоҳдории покизагии забони модарӣ, риояи меъёрҳои забони адабӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба забони давлатӣ мусоидат менамояд. Ҳар як шахс бояд донандаи хуби забони модарӣ бошад, барои пойдории забони модарии худ саҳмгузор бошад, зеро пояндагӣ ва устувории забони тоҷикӣ ба мо- соҳибони забон вобаста аст:
Забон ояд ба кас чун шири модар,

Аз ин рӯ асли ҷон аст, асли ҷон аст.


М. Шодиматова - кафедраи забони тоҷикӣ

24.02.2020 284