Деканати факултаи тиббӣ рафти ҷараёни дарсҳоро назорат мекунад
26-уми январ намояндагони факултети тиббӣ бо роҳбарии декани факултет д.и.т., профессор Муҳаббатов Ҷ.Қ. ва муовинони декан Қурбонов С.Р., Зокиров Р.А. ва Бурҳонова З.У. аз кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №2 дидан намуданд. Мақсади ташрифи деканат ба қайд гирифтани давомоти донишҷӯёни курси 6, рафти ҷараёни дарсҳо ва сӯҳбат бо донишҷӯён оиди тартибу низом, риояи сару либоси тавсиявӣ, ба дарс бо мошинҳои шахсӣ наомадан ва дигар масъалаҳои тарбиявиро дар бар мегирифт.
Дар вохӯрӣ ба донишҷӯён инчунин муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фаҳмонида шуд.
Ҷ.Қ. Муҳаббатов, декани факултети тиббӣ , д.и.т., профессор