Дастуру супоришҳои Пешвои миллат амалӣ мегарданд

Дастуру супоришҳои Пешвои миллат амалӣ мегарданд

      Дар ҳамаи кафедраҳои ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дарсҳо бо се забон ба роҳ монда шудааст – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ. Аксарияти устодоне, ки дар гуруҳҳои донишҷӯёни бо забони англисӣ таҳсилкунанда дарс медиҳанд, хатмкардагони ҳамин донишгоҳ буда, дар баробари донистани забони англисӣ мавзӯҳои тиббиро бо як маҳорату малакаи баланд бо донишҷӯён ҳаллу фасл менамоянд.

        Санаи 20- уми декабри соли ҷорӣ дар дарси кушоди кафедраи асабшиносӣ ва асосҳои ирсияти тиббӣ дар мавзӯи «Менингит, аломатҳо, тавсиф ва ташхиси он» бо донишҷӯёни курсҳои 4-уми гурӯҳҳои ба забони хориҷӣ таҳсилкунанда, муовини декани факултети тиббӣ оиди корҳои тарбия Бурҳонова З.У. иштирок намуданд. Дарси мазкурро бо донишҷӯёни гурӯҳ устоди ҷавони кафедра Зуурбекова Д. омода намуда, ба таври хело фаҳмо ба донишҷӯён ва ҳозирин аз деканати тиббӣ ва намояндаи Шуъбаи равобити байналмилалӣ пешкаш намуданд.

        Асарияти донишҷӯён ба дарс омодагии хуб дида, оиди ин беморӣ маълумотҳои мушаххас доданд. Бо намоиши қабули бемор, шикоятҳо ва аломатҳои беморӣ ва презентатсия ин бемориро тавсиф намуданд ва дарсро шавқовар гузарониданд. Дарс дар муҳити баҳсу мунозираи илмӣ гузашт. Дарс   инчунин хусусияти тарбиявӣ низ дошт, чунки дар ҷараёни тавсифи дарс донишҷӯён мафҳуми «Синдроми Пӯлодов»-ро истифода намуданд. Дар ин бора дар баромади худ муовини декани факултети тиббӣ Бурҳонова З.У. қайд намуданд, ки пос доштани хотири устодони маъруфи кафедра ва ёдрас шудани хизматҳои онҳо дар соҳаи тиб, яке аз фазилатҳои хуби инсонист. Муаллима дар баромадашон   қайд карда гузаштанд, ки ба роҳ мондани дарсҳо ба забонҳои хориҷӣ ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвари маҳбуб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Раёсати ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино,кафедраҳои назариявӣ ва клиникӣ пурра дастгирӣ меёбанд.

            Миннатдории зиёдеро ба мудири кафедра ва устодон барои ин гуна дарсҳои пурмазмун баён намуданд.

 

Ҷ.Қ. Муҳаббатовдекани факултети тиббӣ, д.и.т., профессор 

                                                                      


24.12.2018 517

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php