ДАРСИ КУШОД ДАР “КАФЕДРАИ КИМИЁИ ФАРМАТСЕВТӢ ВА ЗАҲРШИНОСӢ”

ДАРСИ КУШОД ДАР “КАФЕДРАИ КИМИЁИ ФАРМАТСЕВТӢ ВА ЗАҲРШИНОСӢ”
19-ми феврал барои донишҷӯёни курси 3-юми гуруҳи -3-юми факултети фарматсевтӣ дарси кушод дар мавзӯи “Маводҳои дорувории эфири мураккаби кислотаи салитсилот” ва кори лабораторӣ “Аслияти кислотаи осетилсалесилот, аслияти фенол ва ҳосилаҳои он, аслияти тимол, аслияти резосин” гузаронида шуд. Дарси кушодро омӯзгори ҷавони кафедра Шуҳратзода Мижгон бо истифода аз реактивҳои кимёвӣ ҳамроҳи донишҷӯён гузарониданд. Дар дарси кушод мудири кафедра ва омӯзгорони ҷавон иштирок доштанд. Дарси кушод дар сатҳи баланд гузаронида шуда, аз он ҷиҳат ҷолиби диққат бу, ки донишҷӯён дар ин дарси кушод фаъол буданд.
Инчунин, донишҷуён дар иҷрои кори лабораторӣ фаъолона иштирок мекарданд.
Х.М.Мирзоев, сардори шуъбаи сифати таҳсилот, н.и.т., дотсент

21.02.2020 661

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php