Дарси кушод дар кафедраи физиологияи патологӣ
Санаи 13.12.2019 дар кафедраи физиологияи патологӣ барои донишҷӯёни курси 3-юми факултети тиббӣ, гурӯҳи 66-ум (17 нафар) дарси кушод дар мавзӯи «Анемия» гузаронида шуд. Дарси кушодро мудири кафедра н.и.т., дотсент Тоштемирова З.М. бо истифода аз презентатсия, таблитсаҳо вобаста ба мавзӯъ гузарониданд. Дар дарси кушод омӯзгорони ҷавони кафедра низ иштирок доштанд. Дарси кушод дар сатҳи баланд гузаронида шуда, аз он ҷихат ҷолиби диққат мебошад, ки донишҷуён дар ин дарси кушод фаъол буданд. Дар дарси кушод кормандони шуъбаи сифати таҳсилот низ иштирок доштанд.
Шуъбаи сифати таҳсилот