Баргузории мизи мудаввар
9-уми ноябри соли ҷорӣ бо дар асоси фармони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Олимзода Н. дар пойгоҳи Маркази омӯзиши малакаҳои амалии (МОМА) ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино мизи мудаввар оид ба омӯзонидани малакаҳои амалӣ ва натиҷаҳои мониторинги малакаҳои амалии ординаторҳои клиникӣ дар солҳои 2016-2018 дар чаҳорчӯбаи Лоиҳаи «Ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои муолиҷавӣ Қобилов Қ.К. ҷаласаро оғоз намуд. Бо маърузаҳо директори Марказ Усмонов Ҷ.Н., мудири кафедраи тибби оилавии Донишкадаи таҳсили баъдидипломӣ ва бозомӯзии касбии кадрҳои соҳаи тибби ҶТ (МДТ ДТББКСТ ҶТ) Ғуломова М.О., мутахассис оид ба омӯзиши малакаҳои амалии кормандони тибби оилавӣ Лоиҳаи «Ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Давлатова Д. баромад карданд. Сипас, ҳозирин дастовардҳо ва камбудиҳои рафти омӯхтани малакаҳои амалӣ аз ҷониби донишҷӯён ва хусусан ординаторони клиникӣ, баҳогузарии таълимгирандагон, мураббигӣ, масъалаҳои боз ҳам баланд гардидани сатҳи таълиму маҳорат, таҳсилоти муттасила муҳокима карданд. Иштирокчиёни чорабинӣ фикру андешаҳои худ оид ба ояндаи таълими симулятсионӣ ва бозомӯзии клинкӣ дар рафти таҳсил пешниҳод карданд. Дар оҳир меҳмонон аз ҳамаи ҳуҷраҳои таълимии Марказ, китобхонаи электронии донишгоҳ, боғи зимистона диданд намуданд ва бо кормандони Марказ сӯҳбатҳо анҷом доданд.
Дар чорабинӣ устодон аз кафедраи тибби оилавии Донишкадаи таҳсили баъдидипломӣ ва бозёомӯзии касбии кадрҳои соҳаи тибби ҶТ (МДТ ДТББКСТ ҶТ), директорони марказҳои таълимию клиникии ш.Истравшан, ш.Турсунзода, н.Восеъ, н.Панҷакент, н.Рӯдакӣ, мураббии Маркази тибби оилавии н.Ҳамадонӣ, мутахассисони Маркази омӯзиши малакаҳои амалии донишгоҳ, мутахассисон ва ҳамоҳангсозон аз Намояндагии Донишкадаи тибби тропикӣ ва тандурустии ҷамъиятии Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ординаторони клиникӣ аз Маркази таълимию клиникии шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Ҳамагӣ 18 нафар дар кори мизи мудаввар ҷалб гардидаанд.
Чорабинӣ бо дастёрии Намояндагии Донишкадаи тибби тропикӣ ва тандурустии ҷамиятии Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Усмонов Ҷ.Н., директори маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ, н.и.т.