Анкетагузаронӣ оид ба муайян намудани сатҳи сифати таълим

Анкетагузаронӣ оид ба муайян намудани сатҳи сифати таълим

Аз санаи 29.04 то 03.05 соли 2019 кормандони бахши сифати таълим ва рушди омӯзгор тибқи акту санадҳои бо забони тоҷикӣ ва русӣ таҳиягардида, ки дар Шӯрои илмӣ-методии донишгоҳ тасдиқ гардидаанд, сатҳи сифати дониши донишҷӯёнро дар кафедраҳои «Забонҳои хориҷӣ ва лотинӣ» ва «Микробиология иммунология ва вирусология» мутобиқи анкетакунонӣ бо муайян намудани дарсазхудкунии мутлақ, сифат ва холи миёна санҷишҳои хаттӣ   гузарониданд. Гузаронидани чунин санҷишҳо дар курсу гурӯҳҳои гуногуни факултетҳо вобаста ба фанҳои назариявӣ ва тахассусӣ ба баланд бардоштани сатҳи сифати таълим мусоидат хоҳад кард.

С.С. Субҳонов Сардори бахши сифати таълим ва рушди омӯзгор н.и.т., дотсент

 


04.05.2019     43