Анҷоми имтиҳони ҳатми давлатии донишҷӯёни курси 6-ум ва и бакалаврони курси 5-уми факултети тиббӣ

Анҷоми имтиҳони ҳатми давлатии донишҷӯёни курси 6-ум ва и бакалаврони курси 5-уми факултети тиббӣ

Рӯзи 10 майи соли 2019 давраи якуми имтиҳони ҳатми давлатии донишҷӯёни курси 6-ум ва бакалаврони курси 5-уми факултети тиббӣ ба тавре OSCE (имтиҳони муқаррарии сохторшудаи клиникии) ба анҷом расид. Дар давоми 7 рӯз устодони кафедраҳои клиникӣ бо мутахассисони Марказ аз ихтисосҳои акушерӣ-гинекология, ҷарроҳӣ, бемориҳои дарунӣ, бемориҳои кӯдакона, бемориҳои сироятӣ, тибби оилавӣ имтиҳонро қабул мекунанд. Аъзои комиссияи аттестатсияи ҳатми давлатӣ аз рафти супоридани имтиҳон ҳамарӯза назорат мекарданд. Ҳамагӣ 1226 нафар донишҷӯ ва 90 нафар бакалавр иштирок карданд. Муҳассилин аз ҳамаи фанҳои клиникӣ малакаю маҳорати хуб нишон доданд ва бо муваффақият ба давраи дигари имтиҳон гузаштанд.

Ҷ.Н. Усмонов,   директори Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ


11.05.2019     27