Ҷаласаи назди муовини ректор оид ба корҳои таълимию методӣ бо мудирони кафедраҳои донишгоҳ

Ҷаласаи  назди муовини ректор оид ба корҳои таълимию методӣ бо мудирони кафедраҳои донишгоҳ

Дар бинои нави таълимии Маркази “Шифобахш” муовини ректор оид ба корҳои таълимию методӣ Ибодзода С.Т. бо мудирони кафедраҳои анатомияи одам ва истилоҳоти тиббӣ–лотинии ба номи Я.А. Раҳимов, анатомияи патологӣ, анестезиология ва реаниматология, асабшиносӣ, бемориҳои дарунии №3, бемориҳои кӯдаконаи №2, беҳдошт ва экология, биология бо асосҳои генетика, гистология, забони тоҷикӣ, забонҳои хориҷӣ, химияи биоорганикӣ, микробиология, имунология ва вирусология, НТҶ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб, онкология ва ташхиси шуоӣ, стоматологияи муолиҷавӣ, стоматологияи ортопедӣ, стоматологияи кӯдакона ва ортодонтия, тибби ҳарбӣ, травматология, урология, фанҳои ҷомеашиносӣ, физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияи иттилоотӣ ва ҷарроҳии кӯдакон ҷаласа баргузор намуд.

Дар ҷаласа масъалаҳои таълимию методӣ, аз ҷумла таҷдид ва мувофиқат намудани кори мустақилонаи донишҷӯён бо барномаи таълимӣ ва истифодаи адабиёти даҳ соли охир нашргардида, зиёд намудани миқдори саволҳои тестӣ ва омода намудани ҳисоботи 6 моҳа (тибқи намуна, ки аз тарафи раёсати таълимӣ–методӣ омода карда шудааст) муҳокима карда шуд.

Раиси ҷаласа Ибодзода С.Т. таъкид намуд, ки нусхаи электронии кори мустақилонаи донишҷӯён ба раёсати таълимӣ–методӣ дар муҳлати кутоҳтарин дастрас карда шавад.

Ҳамчунин, бо мақсади бештар ба китобхонӣ ва ҷустуҷӯи ҷавоби саволҳо водор намудани донишҷӯён, бо истифода аз адабиёти даҳ соли охир нашргардида миқдори саволҳои тестӣ ба зиёда аз ду ҳазор расонидаву омода карда шаванд.  Дар рафти омодасозии саволҳои тестӣ ҳатман ба маънӣ ва мантиқи онҳо диққати махсус дода шавад.

Дар масъалаи пешниҳод намудани ҳисоботи шашмоҳа ба мудирони кафедраҳо супориш дода шуд, ки вобаста ба талабот тибқи намуна ба саволҳои пешниҳодгардида ҷавоби хаттӣ ва электронӣ дар шакли ҳисоботи таълимӣ омода намоянд. Минбаъд мудирони кафедраҳо вазифадоранд, ки ҳар се моҳ маълумоти дархосткардашударо дар шакли ҳисобот ба таври хаттӣ ва электронӣ ба раёсати таълимӣ–методӣ пешниҳод намоянд.

Муовини ректор оид ба корҳои таълимию методӣ мудирони кафедраҳоро бо намунаи омода намудани ҳисобот, бори дигар шинос кард, ки он аз талаботи зерин иборат аст:

1.     Иҷроиши сарбории таълимӣ дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2020-2021;

2.     Иҷроиши корҳои таълимӣ–методӣ дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2020-2021;

3.     Маълумоти муфассал оид ба иҷроиши КМД ва омода намудани саволномаҳои тестӣ.

Дар идомаи ҷаласа муовини ректор оид ба корҳои таълимию методӣ ба мудирони кафедраҳо супориш дод, ки то оғози машғулиятҳои таълимӣ реҷаи дарсҳо пурра аз назар гузаронида шавад, то ин ки дар оянда тағйирот ворид карда нашавад. Ҳамчунин, реҷаи кории кормандон пурра риоя карда шуда, дар журналҳои электронӣ баҳо ва давомоти донишҷӯён сари вақт гузошта шавад. Маводҳои таълимӣ-методӣ, технологияи муосир ва презентатсия дар машғулиятҳои амалӣ-лексионӣ васеъ истифода бурда шаванд. Аз тарафи омӯзгорони кафедра давомот ва сарулибоси донишҷӯён пурра назорат карда шавад.  

Дар оянда сифати таълим ва беҳтар намудани дараҷаи дарсазхудкунии донишҷӯён боло бардошта  шавад.  

Муовинати таълимию методӣ


4
3
2
1
23.01.2021 1355

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php