ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ
Санаи 31-уми марти соли 2020 дар ҳуҷраи 230-и донишгоҳ таҳти роҳбарии раиси Шӯрои таълимӣ-методӣ, д.и.т., профессор Ибодзода С.Т. ва аъзоён ҷаласаи навбатии Шӯрои таълимӣ-методӣ (ШТМ) баргузор гардид.
Масъалаҳои муҳокимашаванда:
1. Ахбори раиси кумитаи барномаҳои таълимии ихтисосӣ “Кори табобатӣ”
2. Ахбори раиси кумитаи барномаҳои таълимии ихтисосӣ “Ташкили ҳифзи саломатии ҷомеа”
3. Тасдиқи билетҳои ОСКЭ (имтиҳони объективии сохторкардашудаи клиникӣ)
4. Тасдиқи коркардҳои методӣ
5. Масъалаҳои ҷорӣ
Маҷлисро раиси Шӯрои таълимӣ-методӣ Ибодзода С.Т. оғоз намуда ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласаи навбатии ШТМ шинос намуданд. Оиди масъалаи 1-ум сухан ба раиси КБТИ-и “Кори табобатӣ” д.и.т., доцент Мустафоқулова Н.И. дода шуд, ки бо презентатсияи пурмуҳтаво оиди масъалаи муҳокима ва баррасишуда дар фаъолияти чандинмоҳаи худ баромад намуданд. Дар баромад қайд карда шуд, ки барои баланд бардоштани сифати тайёр намудани духтурони оянда пайваста барномаҳои таълимӣ аз тарафи мутахассисони соҳави муҳокима карда мешаванд. Дар баробари он аз тарафи раиси КБТИ “Ташкили ҳифзи саломатии ҷомеа” н.и.т., дотсент Ҳасанов Ф.Ҷ баромад намуда мухтасар оиди фаъолияти худ яъне баррасии барномаҳои корӣ, дасртурҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ироа карда шуд.
Дар масъалаи сеюм раиси шӯро Ибодзода С.Т. оиди тасдиқи билетҳои ОСКЭ (имтиҳони объективии сохторкардашудаи клиникӣ) баромад намуда барои баррасӣ ба аъзои Шӯро пешниҳод намуданд. Оиди аз кадом фанҳои тахассуси ва марҳилаҳои супоридани имтиҳонҳо низ суханронӣ карда шуд.
Дар масъалаи чорум аз тарафи котиби шӯрои таълимӣ-методӣ Муродова М.Қ. дастур ва дастурамалҳои аз кафедраҳои донишгоҳ пешниҳодгардида баррасӣ гардида, аз тарафи аъзоён ба баъзе камбудиҳои ислоҳшаванда яъне ҳатман гузаронидани таҳрири маводҳо оиди ба забони тоҷикӣ, мавҷудияти дастурҳо оид ба тахассус ва мувофиқати онҳо ба нақшаи тақвимию-таълимӣ пешниҳодотҳо карда шуд.
Дар масъалаҳои ҷорӣ оиди сохтани модулҳо гуруҳҳои кории нав ташкил карда шуд.

alasai-navbatii-sh-roi-talim-metodqqqqqqqxx
alasai-navbatii-sh-roi-talim-metodqqqqqqqv
alasai-navbatii-sh-roi-talim-metodqqqqqqqx
alasai-navbatii-sh-roi-talim-metodqqqqqqqz
alasai-navbatii-sh-roi-talim-metodqqqqqqqq
alasai-navbatii-sh-roi-talim-metodqqqqqqq
alasai-navbatii-sh-roi-talim-metodqqqqqqq
02.04.2020 530