ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ
Таҳти роҳбарии раиси Шӯрои таълимӣ-методӣ, д.и.т., профессор Ибодзода С.Т. дар толори Раҳимов Я.А.-и донишгоҳ Шӯрои таълимӣ-методӣ (ШТМ) баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои зерин ба муҳокима гузошта шуданд:
1. Ахбори сардори шӯъбаи сифати таҳсилот оид ба “Фаъолияти шӯъбаи сифати таҳсилот дар соли таҳсили 2019-2020”
2. Тасдиқи коркардҳои методӣ
3. Масъалаҳои ҷорӣ
Маҷлисро раиси Шӯрои таълимӣ-методӣ Ибодзода С.Т. оғоз намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласаи навбатии ШТМ шинос намуд. Оиди масъалаи якум сухан ба сардори шӯъбаи сифати таҳсилот н.и.т., дотсент Мирзоеа Х.М. дода шуд, ки бо презентатсияи пурмуҳтавои худ оиди фаъолияти шӯъбаи сифати таҳсилот, таърихи шӯъба, дастурамали вазифавии кормандони шӯъбаи сифати таҳсилот ва фаъолияти солонаи худ баромад намуд. Дар баромади худ устод қайд намуд, ки аз тарафи кормандони шӯъба анкетаҳо бо забонҳои давлатӣ ва рӯсӣ таҳия гардидаанд (анкета барои донишҷӯ, анкетаи робитаи мутақобила, санади снҷиши сифати таълим, анкета оид ба баҳои қаноатмандӣ нисбати ҲПО, анкета оид ба баҳодиҳии фаъолияти омӯзгор ва анкетаи хатмкунанда), ки барои гузаронидани санҷишҳо мавриди истифода қарор дорад. Аз хулосаи фаъолияти кории кормандони сифати таҳсилот бармеояд, ки сифати таҳсилот дар донишгоҳ дар сатҳи нисбатан хуб қарор дорад.
Дар масъалаи дуюм аз тарафи котиби шӯрои таълимӣ-методӣ Муродова М.Қ. дастур ва дастурамалҳо аз кафедраҳои донишгоҳ барои баррасӣ пешниҳод ва тасдиқ гардиданд. Аз тарафи аъзоён ба баъзе камбудиҳои ислоҳшаванда, яъне ҳатман гузаронидани таҳрири маводҳо ба забони тоҷикӣ, мавҷудияти дастурҳо оид ба тахассус ва мувофиқати онҳо ба нақшаи тақвимию-таълимӣ пешниҳодҳо карда шуд.
Дар масъалаҳои ҷорӣ оиди сохтани модулҳо гуруҳҳои кории нав ташкил карда шуданд.
МУОВИНАТИ ТАЪЛИМ