Ҷаласаи ҷамъияти илмии донишҷӯён
Дар санаи 29-уми ноябр дар кафедраи физиологияи нормалӣ суратҷаласаи дуюми ҷамъияти илмии донишҷӯён (ҶИД) баргузор гардид. Дар маҷлис кормандони кафедра, РhD Санг Юнг Ли, Хотамов Собир мануалист ва 60 донишҷӯ, ки дар байнашон намояндагони курси сеюм низ иштирок доштанд. Суратҷаласа ба асосҳои физиологии сӯзанзанӣ бахшида шуда буд. Бо презентатсияҳои худ чунин донишҷӯён баромад карданд: Хоҷиев Муллоҷон (29гр) «История возникновения иглоукалывания», Абдуллоева Муборак (56гр) «Краткая характеристика мередианов, их взаимосвязь», бо асосҳои методии сӯзанзанӣ Рашидзода Фариза (56гр), Азимова Малика (47гр), бо асосҳои физиологии сӯзанзанӣ ва назарияҳои асосӣ Набиева Шохина (41гр), Азоробекова Майгуна (56гр) ва Касымова Нозанин (33гр) баромад карданд. Маърӯзачиён ба саволҳои пайдошуда ҷавоб гардониданд. Махсусан баромади Абдуллоева М., Азимова М. ва Азоробекова М.-ро қайд кардан лозим аст. Баъди ҳамаи маърӯзачиҳо РhD Санг Юнг Ли, ки 24сол собиқаи корӣ оид ба сӯзанзанӣ дорад баромад карда ба ҳамаи саволҳои донишҷӯён посух гардонид.Баъдан суратҷаласаро профессори кафедра,роҳбари ҶИД Шукуров Ф.А.ба охир расонида пешкаш намуд, ки ҳамаи маърӯзачиҳо бо ҳамроҳии Санг Юнг Ли бо омӯхтани статуси вегетативӣ ҳангоми таъсири сӯзанзанӣ ба нуқтаҳои фаъоли гуногуни меридиан машғул шаванд.
Кафедраи физиологияи нормалӣ