Адабиёти нав дар китобхонаи илмӣ

Муҳтарам хонандагони китобхонаи илмӣ!
Ба диққати Шумо адабиёти нав пешниҳод карда мешавад:
Муҳаммад, Ғ. Сояи нур: маҷмуаи шеъоҳо, қисаҳо,ҳикояҳо,ҳаҷвияҳо ва мақолаҳо/Муҳаммад Гоиб; муҳаррир Сафар Амирхон.-Душанбе,2014.-472с. «Сояи нур»-и Шоири халқии Тоҷикистон, баррандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи устод Рӯдакӣ Муҳаммад Ғоиб фарогири қиссаву ҳикояҳо ва ашъори тозаэҷоди ин шоири рангинхаёл аст. Китоб меҳрномаест ба ин хоку диёр, шукронаест аз одамони накӯкору мададгор ва саодатест аз ишқи поку вафодорӣ ба мардуми бонангу ор.
Камол Насрулло Дар оғӯши хазонрез:маҷмӯаи шеърҳо/Камол Насрулло; муҳаррирМуҳаммад Ғоиб.-Душанбе:Адиб,2018.-256с. Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст. Шеъри ӯ ба заминаҳои иҷтимоӣ,фалсафӣ, мавқеи қавии ватандустона ва сиришти инсонии ӯ поя ёфтааст. Китоби нави ашъораш фарогирии эҳсосоти самимона ва ғояҳои неку баланди инсонӣ буда, дастовезҳои тозаи шоирона, тозакориҳои эҷодии ӯро фаро мегирад ва армуғони арзандае барои ҳаводорони шеъри муосир аст.
Кароматуллоҳи Мирзо Зиндагӣ ҳам нафасе:қисса,ҳикоя ва хотираҳо/Кароматуллоҳи Мирзо;Муҳаррир Наср Бобои Сарфароз.-Душанбе,Адиб,2014.-544с. Дар китоб як силсила қисса, ҳикоя ва хотираҳои Кароматуллоҳи Мирзо манзури хонанда гаштаанд, «Зиндагӣ ҳам нафасе» номида шудааст.
Бо адабиёт метавонед дар китобхонаи илмӣ шинос шавед.


08.11.2019 1135

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php