4 сентябр – Рўзи китоб!
Хамасола дар Тоҷикистон рӯзи 4-уми сентябр ҳамчун "Рузи КИТОБ" ҷашн гирифта мешавад.
Хамаи хонандагони азизамонро бо ҷашни фархунда, яъне «Рузи КИТОБ» шодбош мегўем!
Дар зиндагии шахсии ҳар як фард КИТОБ нақши бузург ифо мекунад. Шумо бе ҳузуру вуҷуди он перомуни таърихи халқи хеш иттилои кофӣ ба даст намеоред, доир ба бахшҳои мухталифи илму фан дониши заруриро ҳосил намекунед, доираи ҷаҳонбиниятонро вусъат намебахшед.
КИТОБ ба Шумо имкон медиҳад, ки дар ҷаҳони бошитоб рушдёбандаи имрузин мероси фарҳангии бани башарро ҳифзу ѓанӣ гардонед, даст ба таълифи ягон асару рисола занед ва ба як фарди таҳсилдида табдил ёбед.
Чашни мазкур хоси китобхонаву китобдорон аст! Он ҷашни аҷоиби касбист.
Ранҷу заҳмати корманди китобхона, ки барои дар дастраси ҳар хонанда қарор додани маводи дахлдор пайваста талош дорад, васфнопазир аст. Фаъолияти рўзмарраи китобдор ба зоҳир саҳлу сода менамояд. Бо ин ҳол фосилаи роҳ аз китоб то хонанда тулонӣ, печида ва хеле пурмашаққат аст. Кормандони китобхона барои дар дастраси хонанда қарор додани маводи дахлдор кори бузургу ноаёнеро анҷом мдиҳанд.
Хамаи хонандагону кормандони китобхонаро бо ҷашни фархундаи касбияшон, яъне «Рўзи КИТОБ» самимона шодбош мегўем.
Китобхонаи илмии ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино
04.09.2019
3492