Машғулиятҳо оид ба мудофиаи шаҳрвандӣ

   Машғулиятҳо оид ба мудофиаи шаҳрвандӣ

Аз 1 феврал тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи сардори мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодаи донишгоҳ, профессор Гулзода М.Қ. бо мақсади баланд бардоштани омодагии ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандони қисми хоҷагӣ - маъмурӣ ва ҳайати шахсии нерӯҳои ғайриҳарбии донишгоҳ, машғулиятҳо оид ба мудофиаи гражданӣ бо ҳайати роҳбарикунанда, коргарону омӯзгорон ва ҳайати шахсии нерӯҳои ғайриҳарбии мудофиаи шаҳрвандии донишгоҳ бо роҳбарии сардори хадамоти нерӯҳои ғайриҳарбии донишгоҳ Шоев Ҳ.Г. оғоз ёфтанд.

Ҳангоми машғулиятҳои таълимӣ ба шунавандагон дар мавзӯи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ», Низомнома «Дар бораи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаии шаҳрвандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Ҳамзамон ба сардорони гурӯҳои таълимӣ оид ба тартиби дурусти пӯшидан ва исистифодабарии ниқобҳои зиддигазии ГП– 5 дарси амалӣ гузаронида шуд.

Ҳ.Г. Шоев, сардори хадамоти неруҳои хайриҳарби донишгоҳ


11.02.2019 1569

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php