Зарари телефонҳои мобилӣ ба инсон

Зарари телефонҳои мобилӣ ба инсон

“Агар гуфтугӯи телефони мобилӣ доимо аз як тарафи сар шавад, хавфи инкишофи беморӣ 4 маротиба меафзояд”.

Мувофиқи ҳисоботи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз 1-уми июни соли 2011 телефонҳои мобилӣ ба синфи - 2В дохил карда шуданд, яъне агентҳое, ки барои инсон кансерогенӣ мебошанд . Ин афканишот ионизатсионӣ набошанд ҳам, хусусияти баландкунии ҳарорати маҳалии бофтаҳои зиндаро дорад, ки мувофиқи маълумоти олимон, ин раванд ба пайдошавии аберрат сияи хромосомавӣ дар ҳуҷайраҳ оварда мерасонад .

Таъсири радиатсионӣ ба заҳролудшавӣ меорад . Заҳролудшавии мазкур ба дарди сар, чархзании сар, хасташавӣ, паст шудани фаъолнокӣ, хотира ва зеҳн оварда мерасонад. Олимон исбот карданд, ки баъди 10 то 60 дақиқа тариқи телефон суҳбат кардан организми шахс барои барқароршавӣ бояд 8 – 14 соат истироҳат кунад.

Ҳомиладорӣ ин давраи муҳим ва пурмасъулият дар ҳаёти зан ба шумор меравад. Дар ҳолати дурудароз истифода бурдани телефони мобилиӣ аз тарафи занони ҳомиладор ба исқоти ҳамл беихтиёрона , таваллуди пеш аз муҳлат ва пайдошавии иллатҳои модарзодӣ дар кӯдак оварда мерасонад .Ғайр аз ин масуният паст шуда, фаъолияти системаи эндокринӣ низ паст мегардад. Бар асоси ин тадқиқот Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ба занҳои ҳомиладор тавсия дод, ки дар ин давра телефонҳои мобилиро ва сайтҳои интернетиро истифода набаранд.

Таъсири телефони мобилӣ ба чашм низ мушоҳида мешавад, ки зиёд истифода бурдани телефони мобилӣ ва сайтҳои интернетӣ ба хирашавии чашм ва пастшавии тезии биноӣ оварда мерасонад . Хирашавии чашм нишонаи пиронсолист, аммо имрӯзҳо шумораи зиёди ҷавонон ва аз наздик нигоҳкунӣ ба экрани телефон тезии биноии чашм паст мешавад.

Олимони шведӣ боз кашфиёти навро оид ба таъсири манфии телефонҳои мобилӣ ба саломатии одамон ба даст оварданд. Мувофиқи натиҷаҳои бадастовардаи тадқиқотчиён аз институти Каролинска (Karolinska Institute) истифодаи тулонии телефон хавфи инкишофи омосҳои хушсифати асаби шунавоиро зиёд мекунад.

Чи тавре ки дар тадқиқоти илмии онҳо омадааст , варами мазкур танҳо дар он тарафи мағзи сар пайдо мешавад, ки аксари вақт гуфтугӯи телефони мобилӣ аз ҳамин тараф шуда бошад .

“Агар гуфтугӯи телефони мобилӣ доимо аз як тараф сар шавад, хавфи инкишофи ин беморӣ 4 маротиба меафзояд ”, - мегӯянд олимон .

Таъсири телефонҳои мобилӣ ба системаи дилу хунгардро физикҳои шведии донишгоҳи Линкёпинг исбот карданд, ки афканишоти электромагнитии телефонҳои мобилӣ метавонад ҳуҷайраҳои сурхи хун – эритроситҳоро вайрон кунанд . Инчунин, телефони мобилӣ ба системаи масунӣ таъсир расонида пастшавии устувории организмро нисбат ба ангезандаҳои берунӣ, бактерияҳо ва вирусҳои касалиовар таъмин мекунад .

Доштани телефони мобилӣ дар киса қобилияти мардонро то 30% барои ба вуҷуд овардани насл паст мекунад . Чунин натиҷаҳои ногуворро олимони венгерӣ аз унверситети Сегедский ҳангоми вохӯрии Ҷамъияти аврупоии мушкилоти афзоиши одам ва эмбриология (ESHRE) дар Берлин пешниҳод намуданд. Дар ин таҷрибаҳое, ки тӯли 13 моҳ бо роҳбарии доктор Имре Феҷес (Imre Fejes ) гузаронида мешавад 221 мард иштирок карданд. Натиҷаҳои тадқиқот нишон дод, ки афканишоти телефони мобилӣ на танҳо ба миқдори сперматозоидҳо таъсири зараровар дорад, балки ба хусусияти ҳаракаткунии онҳо низ таъсир мерасонанд. Дар мардоне, ки тақрибан тамоми рӯз дар киса ё дар миён телефони мобилии фаъол доранд, миқдори сперматозоидҳо дар муқоиса ба он нафароне, ки доимо телефонро истифода намебаранд, се маротиба кам шуда, миқдори сперматозоидҳои ҳаракаткунанда низ ба маротиб кам мегардад. Доктор Хаҷим Кимата бо тадққоти худ нишон дод, ки афканишоти хурдмавҷи телефонҳои мобилӣ метавонад боиси пайдошавии реаксияҳои аллергиявии антигенҳо дар хуни одамоне шавад, ки то кунун аз аллергия азият мекашанд.

Соли 2005 ҳангоми ҷамъбасти натиҷаи лоиҳаи REFLEX, ки дар он олимони 12 инсититут ва лаборатория аз ҳафт мамлакати Европа иштирок мекарданд, таъсири манфии телефонҳои мобилӣ ва истифодаи аз меъёр зиёди интернет дар ҳуҷайраҳои организмҳои зинда муайян карда шуд. Тадқиқот аз соли 2000 то 2004 давом карда, арзиши лоиҳа 3,15 млн. евроро ташкил медод. Тадқиқотчиён ба хулосаи ногувор омаданд: афканишоти электромагнитие, ки дастгоҳҳои мобилии стандарти GSM ҳосил мекунад, дар ҳуҷайраҳои организми одам тағйироти генетикиро ба амал меоварад.

Чи қадаре, ки ҳуҷайраҳои ба нурафканишот дучор шуданд ва чӣ қадаре, ки шиддатнокии он баланд буд, ҳамин қадар пурзӯртар структураи КДН тағир ёфт. Яке аз оқибатҳои эҳтимолии ин мутатсия бемории саратон метавонад бошад. Тадқиқотчиён нишон доданд, ки тағирот дар КДН ҳатто ҳангоми дараҷаи афканишот ба 1Вт/кг мерасад .

Олим Ҳютер муайян кардааст, ки таъсири майдони электормагнитии телефон ба мағзи сар самараи манфӣ мерасонад, ба мисли бисёр истеъмол кардани кофе ё чой талх. Олими британӣ, профессор Вилям Стюарт чунин меҳисобад, ки барои кудакони то 8 – сола истифодабарии телефонҳои мобилӣ умуман маън аст . Агар шумо телефонро ҳатто дар хоб бо худ ҳамроҳ мегиред, ба ҳайрат наоед, агар шумо дигар хоб карда наметавонед. Масалан, шумо одат кардаед , ки телефони мобилиро барои бедоршудан истифода баред ва барои ин онро дар назди болишт мегузоред .

Дар ин ҳолат телефони мобилӣ қобилияти кутоҳ ва вайрон кардани давраҳои аз ҳама муҳими истироҳати шабонгоҳ хоби тез ва оҳистаро дорад.

Аз ин рӯ, хоб аз нуқтаи назари илмӣ раванди мураккаб мебошад. Агар Шумо бисёр қаҳва мекушед ва бо телефон тӯлонӣ сӯҳбат мекунед, онгоҳ хоби шумо низ нороҳат мешавад.

Ҷиҳати мусбии телефони мобилӣ:

ТМ муоширати байни одамонро қулай мегардонад.

Ба волидон дар куҷо будани фарзандонро маълум мекунад.

Бехатарии шахсро таъмин мекунад (барои ба милитсия, ёрии таъҷилӣ занг задан имкони қулайро медиҳад).

Тавассути ТМ маълумотҳои навро аз интернет дастрас кардан осон ва қулай аст.

Ҳамчун ҳисобкунак, фонус, тақвими рӯз, аксбардор, рӯзномаи рӯз, аз хоббедоркунак ва ғайра истифода бурда мешавад.

Таъсири манфии телефонии мобилӣ:

Энергияи электромагнитӣ.

Шуоъзании радиатсионӣ.

Маълумоти аз ҳад зиёди иттилоотӣ.

Омилҳои дар боло зикргардида ба узвҳои хунофар, мағзи сар, дил ва рагҳои хунгард таъсири манфӣ расонида ба:

Паст шудани қобилияти корӣ;

Зуд хасташавӣ;

Хашмгин шудан;

Дарди сар;

Арақхориҷкунии барзиёд;

Суст шудани хотира;

Вайрон шудани хоб;

Дард дар атрофи дил;

Нафастангӣ;

Зиёд шудани набз ва баланд шудани фишори шараёнӣ;

Парешонхотирӣ;

Ба садама дучор шудан;

Содир кардани ҷиноят;

Зарар ба буҷа оило;

Авҷгирии бемориҳои асаб;

Саратони мағзи сар;

Зуд пир шудан оварда мерасонад;

Тадқиқотҳои олимон дар солҳои охир нишон медиҳад, ки дар байни ҳомиладорон, кӯдакон ва наврасон паҳншавии:

Бемори наздикбинӣ;

Баччапартоӣ;

Нуқсонҳои модарзодӣ;

Безурриётӣ;

Вайрон шудани ҳайзбинӣ;

Суст шудани қобилияти шаҳвонии мардҳо маълум шудааст.

Тавсияҳо оид ба истифодаи телефонии мобилӣ:

1.     ТМ – ро дар ҷуздон нигоҳ доред! На дар камар ва қафаси сина.

2.     Бе зарурияти ҷиддӣ ТМ истифода набаред!

3.     Тавассути ТМ бо овози паст ва муддати кӯтоҳ гап занед!

4.     Ҳангоми бо ТМ гап занад, онро аз гӯш 3 см дуртар нигоҳ доред!

5.     Пеш аз хоб ТМ –ро хомуш кунед ва аз худ дар масофаи 15 метр дур нигоҳ доред!

6.     Истифодаи ТМ аз тарафи занҳои ҳомиладор, занҳои ширмакон, кӯдакон, наврасон, беморони гирифтори саратон ва системаи маркази асаб , пиронсолон қатъиян маън аст.

7.     Аз ҷиҳати талаботҳои санитарию гигиенӣ дар як шабонарӯз на бештар аз 3 дақиқа бо ТМ гап задан мумкин асту халос.

Тадқиқотҳои олимони ҷаҳон нишон медиҳанд, ки:

70% одамон на камтар аз 30 дақиқа дар як маротиба занг задани ТМ гап мезананд;

30% одамун ду ТМ доранд ва бо ду сим корт гап мезананд;

40% одамон ТМ –ро зери болин нигоҳ медоранд;

30% одамон зарари   ТМ -ро медонанд , аммо истифодаи онро ҳеҷ гоҳ рад намекунанд.

 Акобиршо Тулохов,

ассистенти кафедраи беҳдошт ва экологияи ДДТТ 


 

 


01.07.2019     265