Ёрии аввалияи тиббӣ ҳангоми саръ

Ёрии аввалияи тиббӣ ҳангоми саръ

Дар толори кафедраи НТҶ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб машғулияти навбатии маҳфили “Ҳолатҳои таъҷилӣ дар тиб” дар мавзӯи “Ёрии аввалияи тиббӣ ҳангоми саръ” баргузор карда шуд.

Дар машғулият мудири кафедраи НТҶ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тибб Ҷураева Н.С., устодони кафедра, намоянда аз шуъбаи кор бо ҷавонони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва донишҷӯёни кафедра ширкат варзиданд.

Мавзӯи машғулияти навбатӣ аз ҷониби донишҷӯи курси 4-уми факултети тиббӣ Парпиев Комрон бо таври интерактивӣ пешниҳод гардид, ки он аз тарафи ҳозирин хуш пазируфта шуд.

Мудири кафедраи НТҶ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб Ҷураева Н.С. ба саволу пешниҳодҳои донишҷӯён ҷавобҳои аниқу мушаххас гардонид.

 

Шуъбаи кор бо ҷавонон


11.05.2019     30