Семинар-тренинг барои ординаторони клиникӣ

Семинар-тренинг барои ординаторони клиникӣ

Мувофиқи нақшаи корӣ ва фармоиши Ректори донишгоҳ (аз 23.12.2020 с., №121/1) дар бахши иттилоотӣ оид ба маводи дорувории Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия», барои ординаторони клиникии соли аввали донишгоҳ, семинар-тренинги омӯзишӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи дониши иштирокчиён, пешниҳод намудани иттилооти амиқу эътимоднок ва аз ҷиҳати илмӣ собитшуда оид ба маводҳои доруворӣ ва истифодаи самараноки онҳо мебошад.

Дар рафти семинар ҷиҳати истифодаи самаранок ва оқибатҳои истифодаи ғайрисамараноки маводи доруворӣ, таъйиноти маводҳои доругии зиддибактериявӣ, антибиотикрезистентнокӣ ва роҳҳои бартараф кардани он ва дигар масъалаҳои муҳим дар мавриди маводи доругӣ ба иштирокчиён маълумотҳои дуруст ва объективӣ пешниҳод карда шуд.

        Семинар–тренингҳои мазкур бо усулҳои муосири таълимӣ ва интерактивӣ гузаронида шуда, дар рафти он ҳамаи иштирокчиён фаъолона ширкат менамоянд. Дар қисмати мубоҳисавии семинар иштирокчиён баҳсу баррасиҳо намуда, аз саволҳои ба миён гузошташуда ва посухи онҳо хеле қаноатманд гаштанд.

        Дар анҷоми семинар–тренинг ба ҳар як иштирокчӣ маводҳои иттилоотӣ ва барномавӣ тақдим карда шуд. Иштирокчиён фикру ақида ва мулоҳизаҳои худро барои боз ҳам беҳтар гузаронидани чунин тренингҳои омӯзишӣ хаттиву шифоҳӣ баён намуданд.

         Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия»


29.01.2021 1067