Семинар «Хавфи паҳншавии Коронавирус дар ҷомеа»

Семинар  «Хавфи  паҳншавии Коронавирус  дар ҷомеа»
Санаи 29 феврал дар кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тибби ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино семинар бахшида ба мавзӯӣ « Хавфи паҳншавии Коронавирус дар ҷомеа» гузаронида шуд, ки дар он донишҷӯёни маҳфили илмӣ ва донишҷӯёни бакалаври курси 3-юми факултети тиббӣ инчунин устодони кафедра иштирок намуданд.
Семинарро мутассади оид ба МИД ассистенти кафедра Саидова С.Н. оғоз намуда донишҷӯёнро аз роҳҳои пешгирии “Коронавирус” шинос намуд, ки роҳҳои гузариши ин беморӣ ҳавоӣ-қатрагӣ буда, он ҳангоми нафас гирифтан ва атсаву сулфа задан мегузарад. Ҳангоми атса ва ё сулфа задан бемор метавонад вирусро ба муҳити атроф паҳн намояд ва шахси солим дар мавриди риоя накардани масофае, ки байни шахси бемор ва солим ба андозаи на кам аз як метр муайян гардидааст, метавонад аз ин вирус сироят ёбад.
Барои пешгирии беморӣ бояд қабл аз ҳама гигиенаи шахсӣ риоя карда шавад. Ғайр аз ин, то паст шудани шиддати вирус аз сафарҳои давлатҳое, ки дар он ҷойҳо нишонаҳои беморӣ пайдо шудаанд, бояд худдорӣ намуд. Дар ҷойҳои серодам, хусусан раставу бозорҳо камтар гаштугузор кунанд. Бояд зуд-зуд дастонро бо собун ва ё маҳлулҳои безараргардонидашуда шуста, аз ниқобҳои тиббӣ истифода намянд. Ба пардаҳои луобӣ, хусусан бинӣ, чашм ва даҳон камтар даст расонидан лозим аст. Тез-тез шамол додани макони зист, сайр кардан дар ҳавои кушод ва истифодаи меваҷоту сабзавоти аз витаминҳо бой муҳим мебошад.
Баъд аз он дар мавзӯи « Human koronavirus: discovery, history, species and epidemiology», донишҷӯи бакалаври курси 3 гурӯҳи 3 факултаи тиббӣ Jyoti Sharma баромад намуд. Инчунин донишҷӯи ҳамин гурӯҳ Adhayan Choundry бо маърӯзаи худ дар мавзӯи “The ways to prevent the spread of coronovirus” баромад намуда маълумотҳои навинро пешниҳод намуд.
Дар фароварди вохӯрӣ, иштирокчиёни маҳфил, донишҷӯён, доир ба Хавфи Коронавирус ба аҳолии Тоҷикистон ва роҳҳои пешгири он саволҳо дода аз тарафи устодон ҷавобҳои саҳеҳ гирифта қаноатманди зоҳир намуданд.
Кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб

27.03.2020 325