Се маҳсулоте, ки хотираро қавӣ мегардонад

Се маҳсулоте, ки хотираро қавӣ мегардонад

Олимон се маҳсулотеро номбар кардаанд, ки ба хотираи инсон таъсири мусбат мерасонанд. Инҳо маҳсулотҳоеанд, ки дар навбати аввал таркибашон аз оҳан, руҳ ва витаминҳои гурӯҳи В бой мебошад.

Аз ин ҷиҳат тибқи корҳои анҷомдодаи таҳқиқотии мутахассисон равғани зайтун дар ҷои аввал меистад. Ин маҳсулот хотираро нигоҳ дошта, пиршавиро манъ медорад. Дар ин ҳол ба гуфти олимон онро барои бирён кардани хӯрокиҳо истифода кардан ба манфиати кор нест.

Дар ҷои дуюм тухми мурғро гузоштаанд. Он дар таркибаш миқдори зиёди холин дорад, ки барои пурқувват намудани риштаҳои асаб хизмати босазо мекунад. Инчунин, тухми мурғ миқдори кофии витаминҳои В ва Д-ро дар худ дорад, ки барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани хотира ёрии калон мерасонанд.

Ҷойи сеюмро дар ин рӯйхат чормағз ишғол мекунад. Дар баробари сафеда дар онҳо равғанҳои фоиданок ва аминокисолотаҳо мавҷуданд. Ғайр аз ин, чормағз ба рагҳо ва артерияҳо таъсири муфид расонда, хунтаъминкунии майнаро беҳтар мегардонад.    

Нашрияи Ворисони Сино


19.04.2019     107