Рӯзӣ умумиҷаҳонии саломатӣ дар Маркази ташхисию табобатӣ

Рӯзӣ умумиҷаҳонии саломатӣ дар Маркази ташхисию табобатӣ

Бахшида ба «Рӯзӣ умумиҷаҳонии саломатӣ» 5-уми апрели соли ҷорӣ дар Маркази ташхисию табобатии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо иштироки устодон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ ва кормандони Марказ симпозиум баргузор гардид. Маҳфилро директории марказ Ниёзова М.С. ифтитоҳ намуда, ҳамаи иштирокчиёнро бо ин рӯз табрик намуд. Дар симпозиум аз ҷониби 9 нафар маърӯза дар мавзуъҳои мубрам шунида шуд. Ассистентон ва аспирантони кафедраҳои физиологияи нормалӣ, асабшиносӣ, офталмология, онкология, бемориҳои дарунии №1 ва кормандони марказ ҳамчун маърӯзачӣ иштирок намуданд.

Мақсад аз баргузории маҳфили мазкур пешгирии бемориҳо мебошад.

Инчунин санаи 6-уми апрел бахшида ба «Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ» ташхису табобати ройгон дар 105 нафар бемор гузаронида шуд.

М.С. Ниёзова      Директори МТТ ДДТТ н.и.т., дотсент  


5
4
3
2
1
13.04.2019     132