ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ – ДАСТУРИ КОРҲОИ ОЯНДА ...

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ – ДАСТУРИ КОРҲОИ ОЯНДА ... Санаи 07-уми январи соли 2020 дар маркази таълимӣ, илмӣ ва клиникии «Стоматология» оиди дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми имсола баён доштанд, ҷаласаи ғайринавбатӣ баргузор гардид. Дар ин ҷаласа директори марказ н.и.т. Одинаев И.С., мудири кафедраи стоматологияи ортопедӣ н.и.т. Зарипов А.Р., мудири кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ н.и.т. Тохтахоҷаева С.Т., сардори шуъбаи иттилоот ва нашрияи донишгоҳ Таибов С.А. иштирок ва суханронӣ намуданд. Роҳбари марказ Одинаев И.С. xаласаро оuоз намуда афзуд, ки дар маркази таълими, илмӣ ва клиникии «Стоматология» ҳама дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои муаззами миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар Паёми имсола баён доштанд, дар амал татбиr намуда барои тарбияи насли наврас тамоми чораҳои заруриро меандешанд. Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати як ҳуҷҷати муҳиме, ки дурнамои яксолаи рушду инкишофи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишварро муайян месозад, боиси дастгирӣ ва омӯзиши пайвастаи ҷомеаи кишвар қарор гирифтааст. Ҳар кадом аз бандҳои ин паём, ки дар навбати аввал ба кулли ҷомеа нигаронида шудааст, хусусан омузиши китобҳои бадеӣ барои устодону донишҷӯён дар ташаккули суханронии эшон мусоидат хоҳад намуд. Бандҳои ин паём дорои муҳтавои амиқи сиёсиву тарбиявӣ буда, ҳамзамон ба соҳаҳои муҳими мамлакат, монанди илм, маорифу тандурустӣ низ равона карда шудааст. Кормандони марказ барои дар амал татбиr намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешгирӣ намудани паҳншавии бемориҳои вируси ВМНО ва гепатитҳо дар муассисаҳои стоматологи ва корхонаиои маишӣ, аз тамоми имкониятҳо истифода менамоянд.

 Директори МТК «Стоматология» н.и.т. Одинаев И.С.


13.01.2020 509