ЛЕЙКЕМИЯИ ШАДИДӢ ЛИМФОБЛАСТӢ БО ЯКҶОЯГИИ ПНЕВМОНИТИ КОРОНАВИРУСӢ

ЛЕЙКЕМИЯИ ШАДИДӢ ЛИМФОБЛАСТӢ БО ЯКҶОЯГИИ ПНЕВМОНИТИ КОРОНАВИРУСӢ

Мақсади омӯзиш. Омӯхтани равиши клиникӣ дар яке аз бемори гирифтори лейкемияи шадидӣ лимфобластӣ (ЛШЛ) бо пневмонити шадиди коронавирусӣ (РШК). 

Мавод ва усул. Бемори 43-сола, бо лейкемияи шадидӣ лимфобластӣ (ЛШЛ) ва пневмонити шадиди коронавирусӣ муоина карда шуд. 

Натиҷаҳо. Бемори гирифтори лейкемияи шадиди лимфобластӣ ба пневмонити коронавирусӣ гирифтор шуд.Бемор ба гипертермия, сулфаи хушк, дамкутоҳӣ, гумшавии ҳиссиёти бӯй ва тамъи хӯрок, камқувватии афзоянда, дарди сар, дилзанӣ, дард дар устухонҳои найчашакл, хунравӣ аз милки дандон, дарди шикам, дилбеҳузурӣ шикоят дошт. Ҳангоми муоина дар бемор лимфоситопения, миқдори D-димер 5 маротиба, ферритин 6 маротиба, ва консентратсияи сафедаи реактивии С 3 маротиба афзудааст. Дараҷаи сатуратсия паст шуд (O2 -83%) ва то дараҷаи норасоии шадиди нафаскашӣ расид. Дар томографияи компютерии шушҳо минтақаҳои коҳишёбии шаффофияти паренхима муайян шуд, ба мисли "шишаи хира". 

Хулоса. Дар бемори гирифтори сирояти коронавирус, ки бемории вазнини соматикӣ дошт, афзоиши D-димер ва ферритин, ки дар натиҷаи "тӯфони ситокини" ба вуқӯъ омад, муайян карда шуд. Пайдо шудани аломатҳои изофабори меъдачаи рост, ки ҳангоми муоинаи эхокардиографӣ муайян шуд ва паст шудани фишори шараёнӣ, барои муайян шудани оризаи тромбоэмболияи шараёни шуш сабашуда ба оғоз намуданӣ табобати тромболитикӣ заминаи кофӣ ҳисобидан мумкин аст. Барвақт ошкор ва пешгирии саривақтии оризаҳои клиникӣ, ба мо имконияти пешгирии ин оризаҳо ва фавтро медиҳад.  
     

Мустафакулова Н.И., Рахматов М.К., Махмадалиев Ф.Н., Холова Ш.К. 

Кафедраи бемориҳои дарунии №3


 


11.01.2021 191