КОРОНАВИРУС ЧИСТ?КОРОНАВИРУС ЧИСТ?

КОРОНАВИРУС ЧИСТ?КОРОНАВИРУС ЧИСТ?
Имрӯзҳо яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар ВАО-и ҷаҳонӣ зери таҳлилу баррасӣ қарор дорад, –коронавирус мебошад.
Бемории КОВИД-19 охири соли гузашта кашф шуд ва то ин дам дар ҷаҳон беш аз 500 ҳазор нафар олуда шуда, тақрибан 23 ҳазор тани дигар бар асари гирифторӣ ба он ҷон бохтанд. Беш аз 120 ҳазор нафар табобат ёфтаанд. КОВИД-19 чӣ гуна бемори аст, ангезандаи он чӣ аст, нишонаҳояш кадом аст ва чӣ гуна мешавад аз он пешгирӣ кард? Дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ посухҳои гуногуни илмӣ медиҳанд.
Бояд қайд кард, ки умуман вирусҳо дорои намуди ҳаёти ғайриҳуҷайравӣ мебошанд. Онҳо мавқеи ҳудудиро байни табиати ғайризинда ва зинда гирифта, хосияти организмҳои зиндаро танҳо дар ҳолати паразитӣ (муфтхӯрӣ) зoҳир мекунанд. Вирусҳоро соли 1892 олими рус Д.И. Иванов кашф кардааст. Вирус – организми хурд мебошад, ки ба воситаи микроскопи рӯшноӣ дидани он ғайриимкон аст (андозаи аксари вирусҳо аз 200 то 350 нм), мебошад.
Таркиби вирусҳо аз кислотаҳои нуклеинии КДН, КРН иборат мебошад. Вирусҳои растаниҳо одатан КРН дорад; вирусҳои бактерияҳо (бактериофагҳо) ва ҳайвонот бошанд КРН ва КДН доранд.
Кислотаҳои нуклеинии вирусҳо аз рӯи гуногунӣ аз ҳам фарқ мекунанд ва молекулаҳои КДН ва КРН ҳамчун занҷири дуқабата пайдо мешаванд.
Геноми вирусҳо аз 4 то садҳо генҳо дорад. Пардаи сафедавии вирус ё капсид аз миқдори зиёди сафедаҳо – капсомерҳо иборатанд, ки онҳо аз як ё якчанд намуди сафедаҳо таркиб ёфтаанд.
Масалан, ба таркиби вируси гулдоғи тамоку зиёда аз 1000 капсомерҳои як намуди сафедаҳо дохил мешаванд. Ба сафедаҳои капсид хосиятҳои антигенӣ ва ферментативӣ хос мебошад. Пардаи сафедагии баъзе вирусҳо, ки дар ҳуҷайраҳои ҳайвонот муфтхӯрӣ мекунад, аз берун бо пардаи вирусӣ пӯшида шудааст, ки аз ду қабати чарбӣ ва молекулаҳои вируси сафедаю чарбӣ иборатанд.
Тамоми равандҳои фаъоле, ки бо фаъолияти ҳаётии вирусҳо ва афзоиши онҳо алоқаманданд, дар ҳуҷайраҳои хӯҷаин (соҳиб-бемор) мегузаранд. Афзоиши вирусҳо аз ҳисоби захираҳои энергетикии заҳролудшудаи ҳуҷайра ба амал омада, се равандро дар бар мегирад: репликатсияи (дучандшавии) кислотаҳои нуклеинии вирусҳо, синтези сафедаҳои вирусӣ ва пайванд кардани ҳиссачаҳои онҳо. Тарзи муайяни дучандшавии геноми вирусӣ ва синтези сафедаҳои вирусӣ дар намудҳои гуногуни вирусҳо аз ҳам фарқ мекунанд.
Ду намуди таъсири байниҳамдигарии вирусҳоро бо ҳуҷайраҳои хӯҷаин аз ҳам фарқ мекунанд: 1) сирояти сермаҳсул, 2) сирояти ниҳонӣ (латентӣ). Дар натиҷаи сирояти сермаҳсул, вируси геномӣ мубодилаи моддаҳои ҳуҷайраро ба ҳосилшавии сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеинии вирусиро бо ҳосилшавии миқдори зиёди ҳиссачаҳои навъи вирусӣ иваз мекунад. Дар натиҷа ҳуҷайраи заҳролудшуда одатан нобуд мешаванд. Дар ҳолати сирояти ниҳонӣ маводи ирсии вирус ба хромосомаҳои ҳуҷайраи хӯҷаин дохил шуда, ба тақсимшавӣ шурӯъ менамояд, ки он ба ҳуҷайраҳои духтарӣ интиқол дода мешавад. Ба ғайр аз ин, бо таъсири омилҳои гуногун вируси геномӣ мумкин аст фаъол гардида, сирояти сермаҳсул ва миқдори зиёди вирусҳоро ба вуҷуд биёрад.
Ҳамин тариқ, вирусҳо сохтори худмухтори генетикӣ ба ҳисоб рафта, муфтхӯриро дар дараҷаи генетикӣ ба вуҷуд меоранд. Масъалаи пайдоиши вирусҳо ба пуррагӣ маълум нашудааст. Баъзе олимон тахмин мекунанд, ки онҳо аз намудҳои қадимаи тоҳуҷайравӣ, ки ба муфтхӯрӣ дар организмҳои примитивӣ (cода), ки дар таҳаввулоти минбаъда якҷоя бо организми хӯҷаин мутобиқ шудаанд, ба вуҷуд омадаанд. Гурӯҳи дигари олимон пайдоиши вирусҳоро бо таҳаввулоти баъзе ҳуҷайраҳои организм, ки дар натиҷаи мутобиқшавӣ ба тарзи ҳаёти муфтхӯрӣ дубора сохтори ҳуҷайравиро аз даст доданд, нисбат медиҳанд.
Вирусҳо дар навбати худ аҳамият низ доранд. Аҳамияти вирусҳо аз он иборат аст, ки аз рӯи онҳо қобилияти пайдоиши бемориҳои гуногунро дар растаниҳо, ҳайвонот ва одам муайян мекунанд. Масалан, зиёда аз 500 намуди бемориҳои сироятии одам (нағзаки табиӣ, сурхак, зарпарвини сироятӣ, ВНМБ ва ғайраҳо) дарёфт шудаанд, ки барангезандаи онҳо вирусҳо мебошанд. Онҳо ҳамчунин сабаби пайдоиши гурӯҳи омосҳои бад дар одам ва ҳайвонот мебошанд. Аҳамияти биологии вирусҳо ин қобилиятнокии мутатсияи онҳо барои ҳосил кардани ахбори ирсӣ байни намудҳои гуногуни организмҳои зинда мебошад. Табиати Коронавирус ҳанӯз пурра омӯхташуда нест. Духтурон то ҳол дар бораи сироят чандон хуб намедонанд, аз ин рӯ бо кӯшиши муштарак роҳҳои нави ташхис ва табобати онро меҷӯянд. Эпидемиологҳо итминон доранд, ки доруе, ки метавонад коронавирусро мағлуб кунад, ба зудӣ ихтироъ хоҳад шуд.
КОВИД-19 аз оилаи микроби Coronaviridai мебошад. То солҳои 60-уми асри ХХ танҳо сирояти «парранда» ҳисобида мешуд, ки ба узвҳои нафаскашии паррандагон, сагҳо, гурбаҳо ва дигар ҳайвонот таъсир мерасонд. Ва танҳо баъдан маълум шуд, ки коронавирус низ метавонад дар бадани инсон ҷойгир шавад ва боиси бемориҳои роҳи нафас дар одамон гардад. Аз сабаби он, ки ваксинаи зидди сирояти он ҳанӯз ихтироъ карда нашудааст, он ба зудӣ дар тамоми ҷаҳон паҳн шудааст.
Тибқи сарчашмаҳо ҳодисаҳои аввалини сироят аз КОВИД-19 дар одамон соли 2012 дар Арабистони Саудӣ буд. Мутаассифона, марди сироятдидаи 60-сола вафот кард ва табибон ӯро наҷот дода натавонистанд. Ин ҳодиса ҳамон сол дар Қатар ба қайд гирифта шуд. Дар ниҳоят, пас аз таҳқиқот маълум шуд, ки олимон бо штамми нави вирус рӯбарӯ буданд, ки ба илм номаълум буд.
Яке аз кишварҳое, ки аз коронавирус аз ҳама бештар зарар дидааст, Кореяи Ҷанубӣ мебошад. Эпидемия дар он ҷо тобистони соли 2015 паҳн шуда буд. Тибқи иттилои вазорати тандурустии ин мамлакат, тақрибан 3 ҳазор шаҳрвандон дар карантин буданд. Ба ҳар ҳол, фавт аз сироят 40% -ро ташкил дод. Нафақахурон ва одамони дорои иммунитети заиф ба сироят бештар гирифтор шудабуданд.
Маълум гардидааст, ки роҳҳои сироят аз ин Вирус асосан тавассути ҳавои нафаскашӣ ба амал омада дар шахси сироятшуда ба монанди зукоми маъмулӣ мегузарад. Имконияти сироятшавӣ хеле баланд аст, хусусан агар бемор ҳангоми ба шахси солим наздик шудан бошад. Сулфидан ва нафаскашии Ӯ бактерияҳоро дар масофаи хеле зиёд паҳн мекунад. Гаштугузори як шахси сироятшуда аз ин вирус дар ҷойҳои ҷамъиятӣ метавонад дар 50% ҳолатҳо ба сироятёбии одамони атроф сабабгор гардад. Муайян гардидааст, ки давраи инкубатсияи коронавирус дар одамон 7-14 рӯзро дар бар мегирад. Вирус метавонад ба пандемия табдил ёфта, мушкилоти глобалиро ба вуҷуд орад.
Доруе, ки метавонад коронавирусро дар инсон нобуд кунад, то ҳол ихтироъ карда нашудааст. Пешгири намудан аз ин беморӣ пеш аз ҳама риоя намудан ба гигиенаи шахсӣ ва шустани ковокиҳои бинӣ барои тоза кардани луоб иборат аст, ки дар он патогенҳо зиёд мешаванд.
Ҳеҷ кас наметавонад 100% кафолат диҳад, ки дар Тоҷикистон бемории КОВИД-19 намеояд ва патогени он вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, дар кишвари мо барои муҳофизати шаҳрвандон аз ин бактерияҳои хатарнок тамоми чораҳоро андешидаистодаанд. Якум, назорати санитарӣ ба сатҳи ҳадди аксар мустаҳкам карда шуд. Дуюм, барои пешгирӣ кардани коронавируси КОВИД-19 дар одамон аломатҳои аз ҳар гуна шамолхуриҳо ва зуком хеле бодиққат санҷида мешаванд. Духтурон беморони гирифтори сироятҳои шадиди роҳи нафасро барои назорати махсус бурда, доимо ҳолати онҳо ва ҷараёни беморро таҳлил мекунанд. Сеюм, ба ҳамаи шаҳрвандони кишвар тавсия дода шудааст, ки аз сафар ба давлатҳои хориҷи дурру-наздик, ки дар онҷо эпидемия ба қайд гирифташудааст худдорӣ кунанд.
Духтурон ба одамоне, ки мехоҳанд сироятро пешгирӣ кунанд, тавсия медиҳанд, ки қоидаҳои гигиенаро бодиққат риоя кунанд, Ҳангоми шустани дастон аз собуни бактериявӣ истифода баред. Агар имконпазир бошад, аз ҷойҳое, ки шумораи зиёди одамон дар он ҷо ҷамъ омадаанд, дурӣ ҷӯед. Сироят аз коронавирус мисли зукоми муқаррарӣ дар одамон сар мешавад.
Танҳо духтур метавонад мавҷудият ё набудани сирояти баданро муайян кунад. Агар шумо як каме дар худ нороҳатиро ҳис кунед, фавран ба наздиктарин муассисаи тиббӣ муроҷиат кунед. Агари дар ҳолате, ки нишонаҳои ин беморӣ расман тасдиқ карда шавад, барои муолиҷа дар беморхона ва барои эмин нигоҳдоштани наздикону пайвандон аз онҳо пурра ҷудо шудан розӣ шудан зарур аст. Ниқобҳо ва рӯймолҳои муҳофизатиро истифода бурдан зарур аст, то ба кормандон зарар нарасад. Ҳама тавсияҳои духтуронро иҷро намудан ва дастурҳои онҳоро дақиқ риоя кардан ҳатми мебошад. Дар хотир доред, ки пешгирии коронавирус нисбат ба ҳама гуна табобат самараноктар аст. Аз ин рӯ, худро эҳтиёт кунед ва саломат бошед.
Мудири кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика дотсент Холбегов М.Ё.

28.03.2020 1389