Чиҳатҳои санитарию эпидемиологии пайдошавии ҳашаротҳои рӯзгор

Чиҳатҳои санитарию эпидемиологии пайдошавии ҳашаротҳои рӯзгор
Чанде қабл дар Муассисаи давлатии телевизиони “Сафина” дар мавзӯи “Ҷиҳатҳои санитарию эпидемиологии пайдошавии ҳашротҳои рӯзгор” барнома ба навор гирифта шуда, ҳамчунин пахш гардид, ки дар он магистри соли аввали ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино Анварзода Амирҷони Муъмин ҳамчун мутахассиси соҳа дар атроф мавзӯи мазкур андешаронӣ намуд.
Анварзода Амирҷон аз ҷумла қайд кард, ки сабаби асосии пайдошавии ҳашаротҳои рӯзгор чӣ дар хонаҳои истиқоматӣ ва чӣ дар корхонаву муассисаҳо, ин риоя накардан ба ҳолатҳои санитарӣ – гигиенӣ, санитарӣ – эпидемиологӣ ва санитарӣ – техникӣ мебошад.
Анварзода Амирҷон ба ин назар аст, ки: “Ҳолатҳои санитарӣ – гигиенӣ, аз сари вақт назорат бурдани ҳолатҳои тозагӣ, рубучин ва интиқол додани ҳама гуна партовҳо иборат мебошад.
Ҳамчунин ҳолатҳои санитарӣ – эпидемиологӣ, яъне зуд – зуд безарар намудани асбобу анҷоми маишӣ ва бино бо маҳлулҳои безаракунандааст.
Барои пайдо нашудани ҳашаротҳои рӯзгор ҳолатҳои гуногун, аз ҷумла ҳолатҳои дар боло зикршуда бояд ба таври ҷиддӣ назорат карда шавад.


10.10.2019     49