Аз вируси “COVID-19” наҳаросед!

Аз вируси  “COVID-19” наҳаросед!

Вируси наву ношинос ва ноомӯхта асосан аз моҳи март ба кишвари мо қадами худро гузошт. Азбаски аз омад-омади он мардум ба таҳлукаву тарсу ҳарос афтода буданд ва муносибат бо ин душмани биологиро ҳатто духтурҳо ҳам хуб намедонистанд, аввалҳо вирус хуб бесарусомониҳо ба амал овард, ки дар натиҷа мо баъзе шаҳвандонамонро низ аз даст додем.

Вирус фасли баҳор ба кишвари мо омад, ки боду ҳавои намноки муҳити атроф дар он шабу рӯз барои ин ҷонзоди ноайён ҷонпарвар буд. Бинобар он вирус се моҳ худро бисер пурҳаловат (комфорт) эҳсос намуда, хуб инкишоф ва парвариш ҳам ёфт. Аммо аз моҳи июн бемориро омилҳои барои вирус марговар чун гармиии баланд бо хушкӣ, нурҳои ултрабунафш ва баланд шудани муқовимати организми мардум, пошхурии одамон ба ҳавои кушод (саҳро) пешвоз гирифт. Дар натиҷа вирус дар як муддати кутоҳ дар шаҳру деҳоте, ки омилҳои номбаршуда бисёр буд, қариб ба нестӣ рафт. Аммо гоҳ-гоҳе аз деҳаҳо, аз бустонсаройҳои боду ҳавояш салқин мардум вирусро ба пойтахт меоварданд. Вируси тобистона аз таъсири омилҳои дар боло зикргардида хело заиф ва бемадор, аз ҷиҳати заҳрнокӣ (вирулетнокӣ,токсигенӣ) бисёр паст гашта буд, ки беморон бемориро сабук мегузарониданд ва зуд шифо меёфтанд, фавт вуҷуд надошт. Ҳамин тавр, моҳи сентябр аз деҳаҳои дурдаст бо воситаи донишҷуён ва дигар мардум вирус боз ба шаҳри мо “ташриф” овард.

Албатта, дар пеш зимистон ва баҳор қарор доранд ва аз моҳи декабр сар карда, то баҳор боду ҳавои намнок барои вирус танпарвар мебошад. Аз тарафи дигар, мардум дар фасли сармо бо ҳам ҷамъ меоянд, ки сирояти вирус осон мегардад. Мардум хушнуд нестанд, сарчашмаи витаминҳо (меваҷот) кам гашта, муқовимати организм паст мешавад. Бинобар ин дар ин фасли сол вирус ба афзоиш медарояд.

Кадом омилҳо дар ин маърака моро дастболо мекунанд? Якум ин ки қариб 40% шаҳрвандони шаҳри Душанбе алакай дорои антитела мебошанд. Агар боз 30%-и дигар антителаро доро шаванд, дар он ҳолат иммунитети ҷамъиятӣ пайдо мегардад ва сирояти шаҳрвандон қатъ мегардад. Омили дигар, гарчанд давое, ки вирусро нест мекунад набошад ҳам, аммо дигар роҳҳои табобати онро мо алакай медонем. Ин ҳам бошад, паст кардани шуриши ситокинӣ, ҳал кардани лахтаҳои хун (тромбҳо) ва обӣ кардани он, паст кардани гипоксия, аз байн бурдани илтиҳоб. Мардум якчанд маротиба тарсу таҳлука аз сар гузарониданд, ки ин боиси баланд шудани системаи иммунӣ мешавад. Вирусе, ки   тобистони моро паси сар кардааст, хело заифтар мебошад ва ин боиси сабук гузаштани беморӣ хоҳад шуд. Албатта, ягон -ягон вируси заҳрнокиаш баланд ҳам дар организмҳо гардиш мехӯрад.

Чӣ бояд кард:

•     Тарсу ҳаросро дар худ роҳ надодан, зеро он боиси пастшавии системаи иммунии бадан мегардад.

•    Инро бояд донем, ки занҳо назар ба мардон камтар (2,5 баробар) ба марг дучор мегарданд ва бемориашон вазнин намегузарад.

•     Бештари беморон аз ретсидив(аз нав авҷ гирифтан)-и беморӣ ба марг дучор меоянд. Онҳо режимро риоя намекунанд, барвақт бистарӣ намешаванд, тез шифо ёфтам гуфта, бо воситаи фаъолияти ҷисмонӣ - роҳ гаштан, ягон кори ҷисмонӣ (гарчанде ночиз бошад ҳам) иҷро намудан - организмро заифу муқовиматашро паст намуда, ба ретсидив меоваранд, ки ин боиси ҳалокат мегардад. Хуруҷи ретсидив баъзан аз худи беморӣ дида тундтар оғоз ёфтаву вазнин мегузарад.

•     Барои пешвози вирус мо бояд худро омода созем. Барои ин муқовимати организм ва органҳоеро, ки ӯ зарар меорад, бояд баланд бардорем. Ин ҳам бошад хун, рагҳои хунгард, шуш, рудаҳо ва дигар органҳо мебошанд. Барои пурқувват намудани онҳо чӣ бояд кард? - Мо медонем, ки органҳоро гардиши хуби хун пурқувват менамояд. Хун дар мағзи устухонҳо тавлид меёбад, барои хуни солим тавлид ёфтан мо бояд хунгардишро дар мағзи устухонҳо хуб созем. Ин бошад бо роҳи фаъолияти ҷисмонӣ ба вуҷуд меояд. Бинобар ин мо бояд, ҳар рӯз то ҳадди имкон аз руи қуваву қудрати организм дар ҳавои тоза ҳаракат намоем. Ҳаракат то ҳадде сурат гирад, ки инсон арақ кунад, набзаш то 100, 120 баланд шавад, барои ҷавонҳо боз баландтар то 140, ва нафаскашиаш тез-тез гардад.

•    Барои муқовимати шушро баланд кардан, низ фаъолияти ҷисмонӣ зарур аст, дигар ин, ки дар таркиби девори алвеолаҳо барои мулоим буданашон равған мавҷуд аст, инчунин барои деворҳои онҳо бо ҳам начаспидан модаи сурфактант мавҷуд аст, ин ҳам бошад дар таркибаш равған дорад. Барои ҳамин ҳам мо бояд ҳар пагоҳӣ каме равған истеъмол намоем. Дар касоне, ки фаъолияти ҷисмониашон кам аст, баъзе мавзеъҳои шуш хусусан қисмҳои болоии он беҳаракат гашта қариб аз фаъолият мемонанд ва заиф мешаванд, муқовиматашон бо микроб ва вирусҳо паст мегардад. Барои ҳамин ҳам чубчаи Кох, яъне микроби сил фақат қисми болоии шушро ба сил меоварад. Танҳо фаъолияти ҷисмонӣ ин қисми шушро фаъол намуда, обу тоб медиҳад.

•       Азбаски ретсепти ангиотензин (АПФ) ки вируси коронаро қабул менамояд, дар девори рудаҳо ҳам мавҷуд аст, вирус ба онҳо ҳам зарар меорад. Рудаҳо органҳои хело зарур мебошанд, махсусан микробҳои фоидаовар, ки адади онҳо то 100 трилл. мерасад, онҳо дар ҳазми хурок фаъолона иштирок менамоянд, ба тавлиди баъзе витаминҳо, аминокислота ва дигар моддаҳо мусоидат менамоянд. Баъзе маводҳои иммуниро ба монанди В – лимфоситҳо фаъол мегардонанд. Ҳамчунин, дар низоми глюкоза яке аз нақшаҳои асосиро иҷро менамоянд ва пеши роҳи ташаккулёбии диабети қандро мегиранд. Моддаҳои заҳрнок ва аллергениро безарар ва кунд намуда, ба ҳамин восита пеши роҳи бемориҳои аутоиммуниро мегиранд. Маводе истеҳсол менамоянд, ки моддаҳои нодаркор(ҳуҷайраҳои кӯҳна, токсинҳо, модаҳои нодаркори аз ҳуҷайраҳо интиқолшуда ба мисли пайвастагиҳои азот)- ро аз мағзи сар пок гардонда, зеҳн ва хотираро бо ин восита қавӣ менамоянд. Мубодилаи моддаҳоро вусъат дода, пеши роҳи захирашавии чарбу ва фарбеҳшавиро мегиранд. Ва боз садҳо корҳои фоидаовари дигареро иҷро менамоянд, ки то ҳол омӯхта нашудаанд.   Мо ба ин хизматгорони бемалоли худ аҳамият намедиҳем, онҳоро шиканҷа медиҳем, парасторӣ намекунем. Ин микробҳои фоидаоварро антибиотикҳо нест менамоянд, имрӯз мардум бебаркаш лозиму нолозим аз хурдсолӣ антибиотик истифода мебаранд. Баъдан бештари дӯстдорони антибиотикҳо ба дисбактериоз, яъне нестшавии бактерияҳои фоидаовар дучор мешаванд,   ки аломатҳои он ин қариб ҳама вақт фазлаи тунук ва ё запор, ҷамъшавии ҳаво дар рӯдаҳо, тез-тез табъи хира доштан ва ғайраҳо мебошанд. Мо бояд ин бактерияҳои фоидаоварро хӯрок диҳем, ғизои онҳо ин крахмали устувор ва клетчаткаи ҳалшаванда мебошад. Крахмал дар картошка, биринҷ, ҷуворӣ, сабус, мулк, боимҷон ва клетчатка бошад, дар меваҷот ва сабзавотҳо махсусан дар пӯсти онҳо мвҷуд аст.

•       Маълум гардидааст, ки вирус дар организм баъди беморӣ то 45-90 рӯз мемонад, ки ин аз организм вобастагӣ дорад. Агар системаи иммунӣ боқувват бошад, вирус организмро тарк менамояд. Агар системаи иммунӣ заиф бошад, пас он дурудароз меистад. Вирус бештар дар рудаҳо ҷойгир шуданаш мумкин аст. Бинобар ин, мо тавсия медиҳем, ки пас аз беморӣ ҳар рӯз пагоҳиҳо як қошуқча тухми кадуро истеъмол намоед, зеро дар маводҳои набототӣ синк аз ҳама бештар дар таркиби донаи каду мавҷуд аст. Дар чор татқиқоти илмии олимон, се-тои он тасдиқ намуд, ки ин элемент вирусро нест намуда, ӯро афзоиш кардан намегузорад.

•       Барои барпо гардидани иммунитети устувор баъди беморӣ бояд антителаҳои солим ва коршоям дар организм ҳосил шаванд. Антителаҳо асосан аз сафеда иборат мебошанд. Сафедаи аз ҳар ҷиҳат хушсифат дар гӯшти гов ва гӯсфанд мавҷуд аст. Сафедаҳои набототӣ он қадар сифати баланд надоранд. Барои ҳамин мо бояд дар давраи шифоёбӣ бештар гӯшт, микроэлементҳо (дар меваҳо бештар дида мешавад) ва витаминҳо, ки чун катализатор дар ташакулёбии антителаҳо иштирок мекунанд, истифода барем.

•       Вақтҳои охир дар матбуоти хориҷӣ дарҷ гардида, ки баъди беморӣ антителаҳои пайдошуда пас аз се моҳ то 30% ва баъдан метавонанд тамоман нест шаванд. Албата, ин боиси он мегардад, ки мардум метавонанд такроран сироят ёбанд. Аммо аз ин дар ҳарос афтодан зарурият надорад, чунки ҳуҷайраҳои иммунӣ онро дар хотир медорад ва дар ҳолати ба организм дохил шудан бо як низоми муайян мубориза мебаранд ва ӯро нест менамоянд. Дар ин вақт шумо метавонед бемориро сабук гузаронед.

•       Ниқоб моро як қадар аз вирус нигоҳ медорад, агар сироят ёбем ҳам ба андозаи хело кам. Агар бемор бошем, пас бо ниқоб бо миқдори ками вирус дигарҳоро сироят менамоем.

•      Чи қадар ҷавонҳо сироят ёбанд, ҳамон қадар вирулентии вирус заиф мегардад. Чунки системаи иммунии ҷавонҳо бузург аст, онҳо бемориро беаломат ва ё хело сабук мегузаронанд, инчунин системаи иммунии онҳо вирусро саркуб намуда, заиф менамояд.

•       Дар ҳолати карантини сахт организм ва системаи иммунии калонсолон заиф мегардад, яъне офтобро намебинанд, ин боиси кам гардидани яке аз витаминҳои ассосии системаи иммунии организм, яъне витамини Д мегардад. Камҳаракатӣ ба пастшавии гардиши хун дар узвҳо ва заифшавии онҳо меоварад. Камҳавсалагӣ ва ошуфтаҳолӣ ба пастшавии муқовимати организм, яъне тавлиди гормони стрес оварда мерасонад. Бинобар ин мо бояд шароит муҳаё намоем, ки калонсолон низ ба ҳавои кушод бароянд, сайру саёҳат кунанд ва аз ҳузур дар ҷойҳои ҷамъиятӣ худдорӣ намоянд. Дар ҷойҳое, ки мардум кам ҳастанд, бениқоб гаштугузор намоянд. 

Н.С. Одинаев  -  мудири кафедраи эпидемиология, д.и.т.

С. А. Таибов  -  асисстенти кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ


03.12.2020 233