Анҷоми аттестатсияи давлатии хатми ординаторони клиникӣ

Анҷоми аттестатсияи давлатии хатми ординаторони клиникӣ

Яке аз зинаҳои асосии таҳсилоти баъдидипломии тиббӣ ин ординатураи клиникӣ ба шумор меравад, ки бо аттестатсияи ниҳоии хатмкунандагон ба итмом мерасад. Соли равон барои супоридани аттестатсияи ниҳоӣ 108 нафар ординаторони клиникӣ иҷозат дода шуданд. Комиссияи аттестатсионӣ зери роҳбарии сартабиби клиникаи Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, д.и.т. Ќурбонов Ҳ.Ҳ. ва имтиҳонгирандагон аз ҳисоби устодони варзидаи кафедраҳои донишгоҳ ба сатҳи дониши назариявӣ ва амалии ординаторони клиникӣ баҳогузорӣ намуданд. Тибќи низомнома аттестатсияи ниҳоӣ аз 3 марҳила, яъне имтиҳон аз малакаҳои амалии касбӣ, имтиҳони тестӣ ва шифоҳӣ аз ихтисос иборат буд.

Имтиҳон аз малакаҳои амалии касбӣ аз 18-уми июн оғоз гардида, то 20-уми июн давом ёфт ва он дар Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ гузаронида шуд.

Баъди натиҷагирӣ аз имтиҳони малакаҳои амалӣ аз санаи 21-ум то 28-уми июн имтиҳони шифоҳӣ баргузор гардид. Дар санаи 1-уми июл ординаторони клиникӣ аз ихтисоси худ имтиҳони тестиро дар Маркази ягонаи тестии донишгоҳ супориданд.

Соли ҷорӣ аттестатсияи ниҳоии хатми ординатураи клиникӣ тибќи талабот ва дар доираи санадҳои меъёрии ҳуќуќӣ баргузор гардид ва раёсати донишгоҳ умедвор аст, ки хатмкардагони ординатураи клиникӣ ҳамчун мутахассисони соҳа дар барќарорсозии солимии аҳолӣ ва пешрафти соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.

 

Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ


04.07.2019     349