Татбиқи лоиҳаи “Модернизатсияи таҳсилоти олии тиббӣ дар асоси раванди Балонӣ дар МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино”
Дар толори Синои донишгоҳ дар доираи татбиқи лоиҳаи “Модернизатсияи таҳсилоти олии тиббӣ дар асоси раванди Балонӣ дар МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” конфронс-семинари илмӣ дар мавзӯи “Принсипҳои протсеси Баллонӣ ва ифодаи он дар таҳсилоти тиббӣ” бо иштироки ректори донишгоҳ профессор Гулзода М.Қ., муовини сардори шуъбаи равобити байналмилалии Донишгоҳи илмии тандурустии Литва Шарлаукас А. ва муовини ректор оид ба таълим Ибодов С.Т. баргузор шуд. Дар ин ҳамоиши илмӣ муовини сардори шуъбаи равобити байналмилалии Донишгоҳи илмии тандурустии Литва Шарлаукас А. дар мавзӯи “Принсипҳои протсеси Баллонӣ ва ифодаи он дар таҳсилоти тиббӣ”, Илона Лукошевичюте-Норейкене-сармутахассиси шуъбаи эдукатсияи инноватсионӣ дар мавзӯи “Талабот ва мушкилоти таҳсилоти тиббӣ дар оянда”, дотсент Йонас Чепонис-сармутахассиси шуъбаи эдукатсияи инноватсионӣ дар мавзӯи “Эволютсия дар таҳсилоти тиббӣ: инсон зидди технология” ва профессор Жилванас Дамбраускас- директори клиникаи ҷарроҳӣ дар мавзӯи “«Стандарти ESG 2015 даъват барои таҳсилоти олӣ” маърузаҳо пешниҳод намуданд.
Шуъбаи иттилоот ва робита ба ҷомеа
29.01.2020
871