Семинари омӯзишӣ

Семинари омӯзишӣ

       Санаи 22 декабр соли 2018 бо ташабуси Вазорати тандурустии ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷТ ва Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ семинари омӯзишӣ оид ба амалисозии фармаоишҳои ВТ ҲИА ҶТ «Оид ба мукаммалсозии хизматрасониҳои тиббию иҷтимоӣ ба наврасон дар сатҳи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ» аз 5 июни соли 2017 №426 ва «Дар бораи тасдиқи «Тартиби гузаронидани муоинаи тиббӣ, назорати доимии диспансерӣ ва вақти эмкунӣ» аз 16 октябри соли 2018, №954 барои мутахассисони КАТС» бо иштироки кормандони кафедраи Тибби оилавии №2 ДДТТ-и ба номи Абӯалӣ ибни Сино гузаронида шуд.

       Масъалаҳои баррасишудаи семинари мазкур барои диспансеризатсияи наврасон ва баланд бардоштани хизматрасониҳои тиббию иҷтимоӣ ба наврасон аҳамъияти калон дорад ва дар дарсҳои амалии донишҷӯёни факултетҳои тиббӣ, педиатрӣ ва нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ васеъ истифода бурда мешавад.


 М.Ҷ. Ёдгорова, мудири кафедраи тибби оилавии №2, н.и.т., дотсент


28.12.2018     123