Семинарҳои илмиву омӯзишӣ бо натиҷаҳои баланд ҷамъбаст гардиданд

Семинарҳои илмиву омӯзишӣ бо натиҷаҳои баланд ҷамъбаст гардиданд
27-уми январи соли ҷорӣ ҳайати намояндагони Донишгоҳи илмии тандурустии Литва дар доираи татбиқи лоиҳаи “Модернизатсияи таҳсилоти олии тиббӣ дар асоси раванди Балонӣ дар МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино”” ба донишгоҳ ташриф оварданд. Дар баробари мулоқот бо ректори донишгоҳ профессор Гулзода М.Қ., таҳти роҳбарии муовини сардори шуъбаи равобити байналмилалии Донишгоҳи илмии тандурустии Литва Шарлаукас А. се конфронс-семинарҳои илмӣ дар донишгоҳ гузаронида шуд.
Чунончи, аз 28-31 январ конфронс-семинари илмӣ дар мавзӯи “Принсипҳои протсеси Баллонӣ ва ифодаи он дар таҳсилоти тиббӣ” таҳти роҳбарии муовини сардори шуъбаи равобити байналмилалии Донишгоҳи илмии тандурустии Литва Шарлаукас А. баргузор шуд.
Дар ин ҳамоиши илмӣ намояндаи Донишгоҳи илмии тандурустии Литва Шарлаукас А. дар мавзӯи “Принсипҳои протсеси Баллонӣ ва ифодаи он дар таҳсилоти тиббӣ”, Илона Лукошевичюте-Норейкене-сармутахассиси шуъбаи эдукатсияи инноватсионӣ дар мавзӯи “Талабот ва мушкилоти таҳсилоти тиббӣ дар оянда”, дотсент Йонас Чепонис-сармутахассиси шуъбаи эдукатсияи инноватсионӣ дар мавзӯи “Эволютсия дар таҳсилоти тиббӣ: инсон зидди технология” ва профессор Жилванас Дамбраускас- директори клиникаи ҷарроҳӣ дар мавзӯи “«Стандарти ESG 2015 даъват барои таҳсилоти олӣ” маърузаҳо пешниҳод намуданд.
Аз 29-уми январи соли ҷорӣ семинари илмӣ дар мавзӯи «Стандарти ESG 2015 даъват барои таҳсилоти олӣ” оғоз шуд. Семинари мазкур таҳти роҳбарии Алвидас Шарлаускас-муовини сардори шуъбаи равобити байналмилалии Донишгоҳи илмии тандурустии Литва гузашт. Мақсади ҳамоиши илмӣ созмон додани раванди таълимии ҷавобгӯ ба талаботи ESG 2015, дарки фаъолияти аккредитатсияи байналмилалии барномаҳои таълимӣ, талаботи агентӣ ва созмонҳои аккредитатсионӣ ва ҷавобгӯ будан ба меъёрҳои онҳо буд.
Ҳамзамон, дар доираи ин семинар-конфронсҳо семинари дигари омӯзишӣ дар мавзӯи “Муаллим –роҳбар” низ гузаронида шуд. Мақсади ин ҳамоиш рушди салоҳияти муаллим чун таҳлилгар ва роҳбар унвон шуд.
Натиҷаи кори ин ҳамоишҳои илмиву омӯзишӣ 31-уми январи соли ҷорӣ бо баҳои баланди иштирокчиён ва қаноатмандии роҳбарону маърузачиён ҷамъбаст гардид. Тавре ки ҳайати намояндагони Донишгоҳи илмии тандурустии Литва зимни ҷаласаи ҷамъбастӣ таъкид намуданд, панҷ гурӯҳи омӯзгорон- иштирокчиёни ин ҳамоишҳои илмиву омӯзишӣ салоҳияти баланди корӣ дошта, барои гузаронидани тренингҳо омодаанд.
З.Турсунова -Шуъбаи иттилоот ва робита ба ҷомеа


03.02.2020 1077

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php