Рӯзи банйалмилалии диабети қанд

Рӯзи банйалмилалии диабети қанд

    Бахшида ба Рӯзи байналмиллалии диабети қанд, ки ҳамасола 14 ноябр дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад, дар кафедраи эндокринология бо иштироки муовини аввали сардори раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, сармутахасиси раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, директории тарзи ҳаёти солим шаҳри Душанбе, кормандони Маркази эндокринологии шаҳрӣ, МТШ №1 ба номи Ахмедов Карим, муовинони аввали Марказҳои саломатии шаҳрӣ ва эндокринологҳои шаҳр семинар гузаронида шуд.

     Бо сухани табррикоти дар семинар баромад намуданд:

·          Анварова Ш.С. – профессори кафедраи эндокринология, д.и.т.

·          Маҳмадов А.Ш. – директории Маркази эндокринологии шаҳри Душанбе;

·          Салимзода Ҷ.М. – муовини аввали сардори раёсати тандурустии шаҳри Душанбе

·          Хонум Лорен – директори ширкати Ҳайёт барои кӯдакон дар ҶТ

     Дар ин семинар маърӯзаҳо оид ба проблемаҳои рӯзмараи бемории диабети қанд баррасӣ карда шуд:

·                   Ҳолати имрӯзаи диабети қанд дар ш.Душанбе – маърӯзачӣ сармутахассиси ғайривоҳидии раёсати тандурустии шаҳри Душанбе оид ба бемориҳои эндокринологӣ Қузибоев А.К.

·                   Тадбирҳои муосир дар табобати диабети қанд навъи 2 дар Тоҷикистон – маърӯзачӣ мудири кафедраи эндокринологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, н.и.т. Ниёзова Н.Ф.;

·                   Пешгирии ҳолатҳои таъҷили дар кӯдакони гирифтори бемории диабети қанди навъи 1 – маърӯзачӣ ординатори клиники соли 2-ум Саёҳати Исмоил;

·                   Қоидаҳои асосии омӯзонидани беморони диабети қанди навъи 1 ва 2 бо усулҳои худназораткунӣ – маърӯзачӣ мудири шуъбаи ғадудҳои дохилии калонсолони МТШ №1 ба номи Ахмедов Карим.

   Семинар бо баҳсу мусоҳибати иштирокчиён анҷом ёфт.

    Инчунин дар Маркази эндокринологии шаҳрӣ бо ҳамроҳии кормандони кафедра ба кӯдакони гирифтори диабети қанд навъи 1, ки дар ш. Душанбе истиқомат мекунанд, базми кӯдакона бо тақдим тӯҳфаҳо гузаронида шуд.

Кафедраи эндокринология


15.11.2018     92