Омӯзиши хусусияти биологии ҷароҳатшифоии маводи тадқиқотшавандаи полилактиацетата (PLA) барои бартарафкунии нуқсонҳои рӯй ва ҷоғ

Омӯзиши хусусияти биологии ҷароҳатшифоии маводи тадқиқотшавандаи полилактиацетата (PLA) барои бартарафкунии нуқсонҳои рӯй ва ҷоғ

              Дар бахши ҷарроҳии эксперименталии озмоишгоҳ корҳои илмӣ тадқиқотии дарозмуддати (6 моҳа) кафедраи ҷарроҳии ҷоғу рӯй (роҳбар дотсент Ҷонибекова М., муттасадӣ ассистенти кафедра Мирзоев М.Ш. оиди “Омӯзиши хусусияти биологии ҷароҳатшифоии маводи тадқиқотшавандаи полилактиацетат (PLA) барои бартарафкунии нуқсонҳои рӯй ва ҷоғ” дар ҳайвонотҳои озмоишӣ ( харгӯшҳо 10 адад) анҷом гардиданд. Дар ин тадқиқот 8-уми ноябри соли 2018 тавассути сохтани нуқсон дар мавзеи сурфаи гӯш дар мавзеи зерипӯстӣ маводи тадқиқотшаванда гузошта шуда буд. Ҳангоми гузаронидани тадқиқот хусусияти ҷароҳатшифоии маводи тадқиқотшаванда омӯхта шуданд. То ин давра ҳайвонтҳои озмоишӣ дар катакҳои алоҳида назорат карда шуданд. Санаи 29-уми марти соли 2019 аз мавзеи мондашудаи импланти полилактиацетат худи импланти мондашуда ва бофтаҳои гирду атроф бурида гирифта шуда, бо гузаронидани ташхисҳои морфологӣ натиҷагирӣ карда мешаванд.

Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотӣ


29.03.2019     187