Омӯзиши хусусиятҳои гиполипидимии маводҳои тадқиқотшавандаи “Феразон” ва “Феразон-липовитол

Омӯзиши хусусиятҳои гиполипидимии маводҳои тадқиқотшавандаи “Феразон” ва  “Феразон-липовитол

     Ҷамъбасти кори илмӣ-тадқиқотии бахши фармакологияи эксперименталӣ «Омӯзиши хусусиятҳои гиполипидимии маводҳои тадқиқотшавандаи “Феразон” ва “Феразон-липовитол”.

       Дар бахши фармакологияи эксперименталии Озмоишгоҳ давраи сеюми омӯзиши маводҳои тадқиқотшаванда ҷамъбаст карда шуд. Санаи 20-уми декабри соли 2018 таҳти роҳбарии проффессор Азонов Ҷ.А. корҳои илмӣ-тадқиқотии дарозмуддат оиди «Омӯзиши хусусиятҳои гиполипидимии маводҳои тадқиқотшавандаи “Феразон” ва “Феразон-липовитол” дар ҳайвонотҳои озмоишӣ (харгӯшҳо 58 адад, санаи 25.09 соли 2018 оғоз гардидаааст), маводҳои морфологии ҷигар, испурч, таҳлилҳои биохимиявии хун (билирубин, триглисеридҳо, фосфолипидҳо холестерин, сафедаҳо, албумин, АлТ, АсТ, глюкоза, мочевина ва креатинин) гирифта шуданд. Таҳлилҳо аз тарафи кормандони бахши озмоишҳои боихимиявӣ ва морфологӣ гузаронида мешаванд. Аз натиҷаҳои бадастомада таъсири маводи тадқиқотшаванда санҷида мешаванд. Ин қисми эксперименталии корҳои номзадӣ ва доктории кормандон ва унвонҷуёни озмоишгоҳ мебошанд.

 Озмоишгоҳи марказии илмӣ - тадқиқотӣ

 


22.12.2018     58