Оғози машғулиятҳои амалии кафедраи физиологияи патологӣ дар ОМИТ

Оғози машғулиятҳои амалии кафедраи физиологияи патологӣ дар ОМИТ

Дар ОМИТ машғулиятҳои амалии кафедраҳои донишгоҳ идома доранд, ки дар ҳамкорӣ бо кафедраи физиологияи патологӣ дар ОМИТ аз рӯйи нақшаи пешбинишуда санаи 17-уми октябр машғулиятҳои амалӣ барои донишҷӯёни курсҳои сеюм (факултахои тибби, педиатрӣ) дар ҳайвонотҳои озмоишӣ (қурбоққа) оғоз гардиданд. Машғулиятҳои амалӣ аз рӯйи 4 мавзуъ дар муддати 21 рӯз гузаронида мешаванд. Ҳангоми гузаронидани машғулиятҳои амалӣ дар ҳайвонотҳои озмоишӣ донишҷӯён ҷараёнҳои вайроншавии хунгардиши ноҳиявӣ, вайроншавии мубодилаи обу намак ва ҷараёнҳои газакро меомӯзанд ва дар дафтарҳои амалии худ қайд менамоянд.   Дарсҳои амалӣ бевосита бо иштироки бевосита ва назорати мудири кафедра: дотсент Тоштемирова З.М. ва кормандони кафедра: дотсентҳо Меликова Н.Х., ассистентҳо Хоҷаева М.Х., Нуруллоева Н.А., Саимуродова Р.А., Азамов О.Б., Шукуров Ф.А. дар мавзўҳои: “Муайян намудани чор давраи вайроншавии хунгардиши микросиркуляторӣ дар манбаи газакнокӣ” (таҷрибаи Конгейм), раванди ҳосилкунии тромби дохилӣ (суддаи сафед) дар шараёнҳои рӯдаҳо ва эмболияи чарбуии шараёнҳои давраи калони хунгардиш, норасоии мубодилаи обу намак (санҷиши пайдоиши об дар канюлаҳои шишагин дар батни қурбоққа мондашуда бо истифодабарии хлориди натрий) дар қурбоққа гузаронида мешаванд.

 Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотӣ


23.10.2018     63