Ҳимояи бомуваффақияти кори илмӣ дар Шӯрои диссертатсионии донишгоҳ

Ҳимояи бомуваффақияти кори илмӣ дар Шӯрои диссертатсионии донишгоҳ

26-уми фаврали соли ҷорӣ дар Шӯрои диссертатсионии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҳимояи кори илмии Назаров Файзалӣ Насруллоевич баргузор гардид. Мавзӯи кори илмии номбурда “Ҷанбаҳои тиббӣ ва иҷтимоии эндоҷарроҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои рушди он дар шароити нави иҷтимоию иқтисодӣ” буда, барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илми тиб пешниҳод гардид.

Ба иттилои Шӯрои диссертатсионии донишгоҳ унвонҷӯ Назаров Файзалӣ Насруллоевич, хатмкардаи факултаи тиббии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, соли 1996 диссертатсияи номзадии хешро бомуваффақият ҳимоя намуда, барои дарёфти унвони доктори илми тиб омодагӣ намуд.

Гуфта мешавад, кори диссертатсионие, ки аз ҷониби Назаров Файзалӣ Насруллоевич ба анҷом расонида шудааст, ҳам аз нигоҳи назариявӣ ва ҳам аз ҷиҳати амалӣ барои илми тибби тоҷик таҳқиқоти нав буда, дар ҳалли проблемаи муҳимми илмӣ - такмил додани хадамоти эндовидеоҷарроҳӣ дар шароити нави иҷтимоию иқтисодӣ нақши босазо дорад.

Шӯрои диссертатсионии донишгоҳ бо таваҷҷуҳ ба муҳимияти масъалаи пешниҳодшуда ва кори анҷомдодаи муаллиф, ба натиҷае расид, ки кори тадқиқотии Назаров Файзалӣ Насруллоевич дар мавзӯи “Ҷанбаҳои тиббӣ ва иҷтимоии эндоҷарроҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои рушди он дар шароити нави иҷтимоию иқтисодӣ” тадқиқоти ба анҷомрасида мебошад. Автореферати он муҳтавои асосии диссертатсияро инъикос мекунад ва таълифоти муаллиф фарогири мавзӯи диссетатсия аст. Бинобар ин, муаллифи диссертатсия Назаров Файзалӣ Насруллоевич, бо ҳимояи тадқиқоти мазкур барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои тиб арзанда мебошад.

Шуъбаи илм,

Зуҳра Турсунова, мутахассиси шуъбаи иттилоот ва нашрия


04.03.2019     318