Фаъолияти семоҳаи маҳфили “Чарроҳони ҷавон” дар ОМИТ

Фаъолияти семоҳаи маҳфили “Чарроҳони ҷавон” дар ОМИТ

Дар бахши ҷарроҳии эксперименталии Озмоишгоҳ дар ҳамкорӣ бо кафедраи амалияи ҷарроҳӣ ва анатомияи топографӣ аз рӯи нақшаи пешбинишуда аъзоёни маҳфили “Ҷарроҳони ҷавон” дар муддати се моҳи соли 2019 28 амалиёти ҷарроҳӣ гузарониданд. Бояд қайд намуд, ки баъд аз азхудкунии қисми назариявӣ дар мавзӯҳои: резексияи меъда ва рӯдаҳо, гузоштани аннастамозҳои меъда, рӯдаҳо, гузоштани гастростома, систома дар   ҳайвоноти озмоишӣ амалиётҳои ҷарроҳии резексияи меъда бо усули Бильрот I ва II, гузоштани гастроэнтероаннастамоз, резексияи рӯдаи борик ва ғафс, гузоштани аннастамозҳои рӯдагии “нӯг ба нӯг”, нӯг ба паҳлӯ” ва “паҳлӯ ба паҳлӯ”, гузоштани Гастротсма бо усули Витсел, дӯхтани масона бо усули Карпенко гузаронида шуданд. Дар оянда аз тарафи аъзоёни маҳфил азхудкунии техникаи гузоштани аннастамози рагӣ, асабӣ ва пайи (тендонҳо) бо истифодаи калонкунии оптиқӣ (микроскоп ва лупа), риштаҳои атравматиқӣ ба нақша гирифта шудаанд.

Озмоишгоҳи марказии илмӣ– тадқиқотӣ. 

Кафедраи амалияи ҷарроҳӣ ва анатомияи топографӣ


26.04.2019     84