Фаъолияти бахши мофология дар соли 2018-ум

Фаъолияти бахши мофология дар соли 2018-ум

Дар бахши морфологияи ОМИТ гузаронидани ташхисҳои морфологӣ, дар ду самт ба роҳ монда шудааст: илмӣ- тадқиқотӣ ва ташхисҳои клиникӣ. Муттасадиёни бахш: Тағойқулов Э.Х., Абдуллоев С.М., Сафаров Б.И., Қурбонов Г. Аз тарафи кормандон Сафаров Б.И. ва Қурбонов Г. мустаҳзарҳо омода карда шуда, гузаронидани ташхисҳо ва натиҷагирӣ аз тарафи ходими хурди илмӣ Тағойқулов Э.Х., ва ходими илмӣ Абдуллоев С.М., гузаронида мешаванд.

Дар давоми соли 2018-ум 486 ташхисҳои морфологӣ гузаронида шудаанд, ки аз онҳо 104 маводҳо барои ташхисҳои клиникӣ ва 382 маводҳо барои натиҷагирии корҳои илмӣ-тадқиқотиро ташкил медиҳанд.

Дар ин бахш ташхисҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва эксперменталӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Дар якҷоягӣ бо дигар бахшҳои ОМИТ ва кафедраҳои донишгоҳ аз ҷумла: онкология, биохимия, технологияи фармасевтӣ, химияи фармасевтӣ ва заҳршиносӣ, фармакология, травматология ва ортопедия, бемориҳои ҷарроҳии №2 ва ҷарроҳии ҷоғу руй, ҳамкории зич дошта 130 ташхиси морфологӣ гузаронида шуд.

Дар самти илмӣ: ҳамкорӣ бо кафедраи ҷарроҳии ҷоғу рӯй ва стоматологияи кӯдакона дар мавзӯи “Омӯзиши хусусияти ҷароҳатшифоии маводи тадқиқотшавандаи оксиди алюминий ва оксиди оҳан барои захмҳои фасоднок”, 30 мавод ташхиси морфологӣ гузаронида шуданд.

Дар ҳамкорӣ бо кафедраи химияи фармасевтӣ ва заҳршиносӣ Шӯҳратзода М. (роҳбари илмӣ Раҷабов У.Р.) дар мавзӯи “Хусусиятҳои ангезишӣ ва таҳсос (аллергиовар)”-и пайвастагии комплексии “рӯҳ бо албиндозол”, 38 мавод аз ташхис гузаронида шуд.

Дар ҳамкорӣ бо кафедраи травматология ва ортопедия, аз тарафи аспиранти кафедра Шарипов А.А., амалиёти ҷарроҳии “Шикасти устухони рон, остеосинтез бо воситаи спитсаи Волкова, ҳуҷайрадаромонӣ дар ҷои шикасти устухони рон) ташхиси морфологии 12 мавод гузаронида шуданд.

Дар ҳамкорӣ бо кафедраи химияи фармасевтӣ ва заҳршиносӣ дар мавзӯи “Синтез ва омӯзиши пайвастагиҳои руҳ бо глитсин ва кислотаи глютамин, истифодаи онҳо дар тиб” (роҳбар д.и.т. Раҷабов У.Р., муттасаддиён Шӯҳратзода М., Ҷулаев У., Раҳимова Р.) 20 мавод аз ташхис гузаронида шуданд.

Дар оянда дар ин бахш баъд аз дастрас намудани маводҳои лозима ва реагентҳо фаъолият боз ҳам пурзкапрда мешавад.

 

                                              Озмоишгоҳи марказии илмӣ–тадқиқотӣ

 


07.01.2019 498

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php