Азхудкунии техникаи ҷарроҳии “Пластикаи нуқсонҳои пуст аз ҳисоби пусти мавзеӣ” дар ОМИТ

Азхудкунии техникаи ҷарроҳии “Пластикаи нуқсонҳои  пуст аз ҳисоби пусти мавзеӣ” дар ОМИТ

    Дар бахши ҷарроҳии эксперименталӣ дар ҳамкорӣ бо кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №2 барои ординаторҳо ва аспирантҳои кафедра баъд аз азхудкунии қисми назариявии мавзӯи “Рӯйпуш намудани нуқсонҳои пустӣ аз ҳисоби намудҳои гуногуни ҷойивазкунии пусти мавзеӣ” аз тарафи профессори кафедра Артыков Каримҷон Пулатович дар ҳайвонотҳои озмоишӣ нишон дода шуданд. Баъд аз кашидани нақшаи ҷарроҳӣ дар мавзеи девораи пеши шикам нуқсон ҳосил карда шуда, аз ҳисоби пусти мавзеӣ бо усули ҷойивазкунии флепҳонуқсонҳои пӯстӣ бартараф карда шуданд. Ҳангоми ҷарроҳӣ асбобҳои махсуси микроҷарроҳӣ ва риштаҳои атравматикӣ истифода бурда шуданд. Баъд аз азхудкунии техникаи ҷарроҳӣ ординаторҳо ва аспирантҳои кафедра мустақилона 3 амалиёти ҷарроҳӣ гузарониданд. Дар давраи баъд аз ҷарроҳӣ барои натиҷагирӣ флепҳои кучонидашуда назорат карда мешаванд.

Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотӣ


26.11.2018     83