Ҳимояи рисолаи номзадӣ дар Шӯрои диссертатсионии назди МДТ Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Ҳимояи рисолаи номзадӣ дар Шӯрои диссертатсионии назди МДТ Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Cанаи 28 сентябри соли 2021 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА -057 назди МДТ "Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино" ҳимояи диссертатсияи Давлатов Имомхоҷа Амиршоевич дар мавзӯи: «Тағйиротҳои комплексии морфологӣ ва морфометрии сохторҳои рагҳову бофтаҳои ғадуди сипаршакл ҳангоми ҷоғари паҳнёфтаи токсикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои тиб аз рӯйи ихтисоси 14.03.01 – Анатомияи одам баргузор гардид. Таҳқиқот дар кафедраи анатомияи одам ва истилоҳоти тиббии лотинии ба номи Я. А. Раҳимов ва Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотии МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино" иҷро карда шудааст. Роҳбари илмӣ Қурбонов Саид Сафарович, профессори кафедраи анатомияи одам ва истилоҳоти тиббии лотинии ба номи М. Я. Раҳимов ва мушовири илмӣ Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ доктори илмҳои тиб, профессори кафедраи ҷарроҳии умумии №1-и МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» мебошанд.

Ҳангоми ироаи маълумот дар мавриди муҳтавои рисола унвонҷӯ Давлатов И. А. ба аҳамиятнокиии мавзӯъ ишора намуда, гуфт, ки айни замон бемории ғадуди сипаршакл, махсусан ҷоғари паҳнёфтаи токсикӣ аз категорияи паҳншудатарини бемориҳои эндокринӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки минтақаи эндемикӣ ба ҳисоб меравад, рушди бемайлони миқдори беморони гирифтори ҶПТ ба мушоҳида мерасад. Ба гуфтаи унвонҷӯ Давлатов И. А.- "Таҳқиқот тасдиқ намуданд, ки FC функсияҳои ҳаётан муҳимро иҷро карда, бо хусусиятҳои сохтори рагҳои хунгард зич алоқаманд аст."

Шӯрои диссертатсионӣ бо шиносоӣ ба корҳои анҷомшуда дар раванди таҳқиқот таъкид менамоянд, ки муаллиф дар кори ҷамъоварии маълумоти ибтидоӣ барои татбиқи пажӯҳиши илмӣ шахсан саҳм гирифта, ба таври мустақилона гирдоварӣ, коркард ва таҳлил намудааст. Дурустии маълумотро ҳаҷми кофии маводи таҳқиқотӣ, коркарди омории натиҷаҳои бадастомада ва интишорёфта тасдиқ мекунанд. Хулоса ва тавсияҳо дар заминаи таҳлили илмии натиҷаҳо асос ёфтаанд.    

Шӯрои диссертатсионӣ мавзӯи таҳқиқотро мубрам ва аҳамиятнок, кори муаллифро ҷавобгӯ ба талабот унвон намуд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


03
02
01
29.09.2021 233

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php