Забони тоҷикӣ –мероси модар

Забони тоҷикӣ –мероси модар

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,

Донистани сад забон осон гардад.

Бо чунин як порчаи шеърӣ рӯзи 5 октябр дар кафедраи тибби оилавӣ чорабинии тарбиявӣ-фарҳангии донишҷӯён бо роҳбарии ассистенти кафедра Мастонова Таманно баргузор гашт. Барои баргузоии ин чорабинӣ донишҷӯёни курси 5-уми гурӯҳи 70-уми факултаи тиббӣ иқдом намуданд. Дар он мудири кафедраи тибби оилавӣ, н.и.т.-Ёдгорова М.Ҷ., дотсенти кафедра Алиева Е.Г, муаллими калон Фаттоева Н.В., ассистентҳои кафедра Сафарова Г.Н, Кабирзода Т.Д. ва донишҷӯёни курси 5-уми гуруҳи 71 ва курси 6-уми гуруҳҳои 3-4 уми факултети педиатрӣ иштирок доштанд.

Донишҷӯён дар бораи таърих ва зина ба зина соҳиби забони давлатӣ шудани мардуми тоҷик маълумотҳои муҳиму заруриро баррасӣ намуданд. Дӯстмуродов Иззатулло ва Куканиева Сабрина дар бораи таърихи рушди забони давлатӣ маълумот дода, Ҷаббори Афрӯза, Дӯстмуродов Иззатулло ва Атабеков Дилшодбек шеъру ғазалҳо бахшида ба рӯзи забон қироат намуданд. Ҳамзамон, барои болидахотирии иштирокчиён суруде дар бораи забон пешкаш карда шуд. Дар қисмати викторина (саволу ҷавоб), ки аз ҷониби Азизаи Додарбек пешниҳод шуд донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд ва иштирокчиёне, ки ба саволҳои пешниҳодшуда фаъолона ва дуруст ҷавоб доданд, соҳиби мукофот гаштанд.

Дар анҷоми чорабинӣ, мудири кафедра, н.и.т., Ёдгорова М.Ҷ. аз раванди баргузории чорабинӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, барои ташкил ва пешниҳод намудани чунин чорабинӣ ба донишҷӯён изҳори миннатдорӣ кард.

Мастонова Т.С.- ассистенти кафедра


06.10.2021 247

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php