Забони миллат – ҳастии миллат

Забони миллат – ҳастии миллат

Дар кафедраи бемориҳои сироятии кӯдакона миниконфронс гузаронида шуд, ки он ба шиносоӣ бо муҳтавои яке аз асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- “Забони миллат-ҳастии миллат” бахшида шуд. Дар конфронси мазкур мудири кафедра дотсент,н.и.т Саидмурадова Г.М.,профессори фахрии кафедра Рахматов Н.А, муаллимаҳои калони кафедра Мамадярова М.Г. ва Фузайлова М.С., ассистентон Бобоева З.Р., Маджонова М.Дж., Исоева М.Ф, Умарова Г.А, Ҷонибеки Р.И., Комилов И.А., ординаторони клиникии кафедра Абдураҳимов Д.Р. ва Саидова М.,донишҷӯёни курси 5-уми факултети тиббӣ (гурӯҳҳои3,4,5,6) иштирок намуданд.

Сараввал мудири кафедра н.и.т., дотсент Саидмурадова Г.М. дар бораи арзишҳои тарбиявии асарҳои Пешвои миллат суханронӣ намуда, донишҷӯи курси 5-уми факултаи тиббӣ, гурӯҳи 5 Раҳимов Муҳаммад раванди конфронсро идома дод. Ӯ бо ишора ба асари безаволи Пешвои муаззами миллат “Забони миллат -ҳастии миллат” қайд кард, асар пешгуфтор ва 6 бобро дар бар гирифта, ҳар боб аз фаслҳои ҷудогона иборатанд. Мутоилаи асар моро аз шебу фарози таърихи миллат огоҳ месозад, ки газаштагони мо имтиҳону мушкилоти зиёдро сипарӣ намуда, забону фарҳангит моро тавонистаанд ба насли имрҳз солим расонанду мерос гузоранд. То ба имрӯз ҳифз намудани мавҷудияти худу забонамон ҳушдор месозад, то ба қадри забони модариамон, ки бо он чӣ қадар асарҳои гаронбаҳо офарида шуданд ва дар арсаи ҷаҳон ҷовидонӣ маҳсуб мешаванд-гуфт Раҳимов Муҳаммад .

Баъдан донишҷӯёни дигар гурӯҳҳо доири ҳар як фасли асари мазкур муфассал маълумот доданд (аксҳо замима карда шудаанд).

Мудири кафедраи бемориҳои сироятии кӯдакона, дотсент, н.и.т  -  Саидмурадова Г.М.

Мутасаддии кафедра оиди тарбия  -  Бобоева З.Р.


22.04.2021 267

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php