Забон яке аз унсурҳои асосии пойдории миллат
«Забони тоҷикӣ поянда аст, то даме, ки миллати тоҷик ҳаст, забони ӯ низ пойдор хоҳад буд».
Эмомалӣ Раҳмон
Дар ҳаёти халқи тоҷик дар баробари ба даст омадани Истиқлолияти миллию-давлатӣ як қатор дигаргуниҳои ҷиддӣ ба амал омад, ки ҷомеа пурра ба сохти нави иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву маънавӣ гузашт. Чӣ тавре, ки Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд: «Имрӯз забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсат, қонунгузорӣ, муоширати байни сокинони кишвар, забони илму фарҳанг ва воситаҳои ахбори омма дар истифодаи васеъ қарор дорад».
Забон яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ба шумор рафта, нишонаи пойдорӣ ва нигаҳдорандаи миллат аст. Аз ин рӯ дар баробари арзишҳои миллӣ онро ҳифз ва покиза бояд нигоҳ дошт. Тавассути қонун дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ давлат таъмини истифода, ҳимоя ва рушди забони давлатиро ба ӯҳдаи худ гирифтааст. Инчунин ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор карда шудааст, ки сарфи назар аз забону миллаташ забони давлатиро донад ва барои покиза доштани он аз олудагӣ бо дигар забонҳо ҳифз намояд. Ин талабот дар баробари аҳамияти илмӣ, сиёсӣ, таърихӣ, фарҳангӣ доштан, аз лиҳози манзаллат дар миқёси забонҳои байналмилалӣ низ обрӯи хоса пайдо намудааст. Имрӯз ин забони муқаддасро чун забони бузурги тамаддуни башарӣ ҳамагон мешиносанд. Дар Конфоронсҳои байналмиллалӣ борҳо шоҳиди он ҳастем, ки Пешвои миллат ва дигар намояндагони миллати мо аз минбарҳои баланди Созмони Миллали Муттаҳид бо забони ноби тоҷикӣ сухан ронда масъалаҳои гуногуни умумибашариро мавриди ҳаллу фасл қарор додаанд.
Муаллими кафедраи
«Фанҳои ҷомеашиносӣ» Азимова М.М.