ЗАБОН ИФТИХОРИ МИЛЛАТ АСТ
Мақом ва манзалати забони тоҷикӣ дар ривоҷу равнақи фарҳанг ва тамаддуни умумибашарӣ нақши беандоза дорад. Зеро ин забон аз тамоми гирдоби гармию сардиҳои таърих гузашта, миллати куҳанбунёди соҳибтоҷи тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Гарчанде ватани аҷдодии тоҷикон асрҳои зиёд дар асорати аҷнабиёни ғосиб қарор гирифта буд, ночор онҳо бо такя ба забони дарии тоҷикӣ идоракунии давлатиро ба роҳ мемонданд. Ин забони ширин забони Рудакӣ, забони Фирдавсию Сино, забони Носиру Хайём, забони Айниву Турсунзода ва забони ҳазорони абармардони тоҷик аст, ки сарсабзии боғи маърифати ҷаҳон то имрӯз аз илму ашъорашон шодоб аст. – чунин оғоз ёфт чорабинии маърифатию адабӣ бо суханони муқаддимавии сардори шуъбаи тарбия Абдураҳмонов З.В. дар хобгоҳи № 5- уми МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» дар таърихи 4- уми октябри соли 2021.
Дар навбати худ муовини декан оид ба донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда Иргашева Ҷ.З. бошандагони хобгоҳро ба истиқболи иди забони давлатӣ табрику муборакбод намуда, дар атрофи китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат- ҳастии миллат», ки бевосита аз таъриху мақоми забони тоҷикӣ дар эҳёи давлатдории навини тоҷикон ҳикоячт мекунад ибрози андеша намуданд.
Муовини декани факултети тиббӣ Раҳимова Д.С. оид ба нақши забони тоҷикӣ дар пойдории Истиқлолияти давлатӣ сухан ронда зикр доштанд, ки маҳз забони тоҷикӣ буд, ки баъди ҳазорсолаҳои бедавлатӣ миллати соҳибтамаддуни тоҷик аз нав соҳиби давлатдории хеш гардиданд. Забони тоҷикӣ миллати моро ҳифз намуда ба он оварда расонд, ки хушбахтона дар тӯли 30- соли соҳибистиқлолӣ офтоби бахту иқболи саодат ба сари миллати дар тӯли таърих азияткашида нури бахт пошида истодааст.
Абдураҳмонов З.В.- сардори шуъбаи тарбия
Иргашева Ҷ.З.- муовини декан оид ба донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда
Раҳимова Д.С.- муовини декани факултети тиббӣ