Заҳр аст ҷафои илм, ба маънӣ шакар аст!

Заҳр аст ҷафои илм, ба маънӣ шакар аст!

Саҳми олимони донишгоҳ дар таҳияи ғояҳои нав, маҳсули нерӯи зеҳнӣ вобаста ба мукаммал намудани усулҳои ташхису табобат, навовариву ихтироъкорӣ ва татбиқи онҳо дар истеҳсолот назаррас аст. Аз давраи таъсисёбӣ, дар тӯли 82 сол ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино зиёда аз 43 000 нафар мутахассисони баландихтисоси соҳаи тибро тайёр кардааст, ки 70%-и он ба давраи соҳибистиқлолии кишвар рост меояд.

Боиси ифтихор аст, ки хатмкардагони донишгоҳ дар зиёда аз 50 давлати дунё (Россия, ИМА, Канада, Олмон, Швейтсария, Италия, Англия, Белгия, Изроил, Австрия, Туркия, Яман, давлатҳои Африка, ИДМ ва ғайра) кору фаъолият карда, обрӯю нуфузи ватану миллати азизи моро афзун карда истодаанд ва донишгоҳ мавқеи байналмилалиро касб намудааст. Донишгоҳ тавонистааст, ки бо дастпарварони кордону тавонои худ баҳри солимии нафақат халқи азизамон, инчунин ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузорад.

Дар ҳаштумин ҷаласаи Комиссияи байникафедравии мушоҳидавии МДТ "Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино" дар самти ҷарроҳӣ, ки санаи 20.05.2021 баргузор шуд, мавзӯи рисолаҳои номзадии унвонҷӯёни навбатии МДТ "Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино" баррасӣ ва тасдиқ шуданд. Аз ҷумла, рисолаи номзадии унвонҷӯйи кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №2 Ғуломов Л.А. дар мавзӯи "Оптимизатсияи ташхис ва усули табобати ҷарроҳии беморони гирифтори холестиститҳои шадид " аз рӯи ихтисоси 14.01.17- ҷарроҳӣ, барои дарёфти номзади илми тиб, Мирғозиев М.К.- унвонҷӯйи кафедраи ҷарроҳии инноватсионӣ ва трансплантологияи донишгоҳ дар мавзӯи "Пешгирии синдроми пайванди ҷигар, ки аз донорҳои зинда ба даст оварда шудааст" аз рӯи ихтисоси 14.01.17- ҷарроҳӣ ва 14.01.24- трансплантология ва узвҳои сунъӣ, барои дарёфти номзади илми тиб баррасӣ шуданд.

Ҳамзамон, мавзӯи рисолаи докторанти (PhD)-и кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №2 Мамадаминова Ҳ.Ҳ. дар мавзӯи " Оптимизатсияи усулҳои таҷдиди ангуштон ва панҷаи даст", барои дарёфти унвони илмӣ аз рӯйи ихтисоси 6D 110100 -тиб ва 14.01.17-ҷарроҳӣ, докторанти (PhD)-и кафедраи анкология ва ташхиси радиатсионии донишгоҳ Назаров Ш.Ҳ. дар мавзӯи "Хусусиятҳои клиникии ташхис ва табобати саратони пӯсти пилкҳо ", барои дарёфти унвони илмӣ аз рӯйи ихтисоси 6D 110100 -тиб ва 14.01.12-анкология тасдиқ карда шуд.

Ҷаласа таҳти роҳбарии доктори илми тиб Исмоилзода С.С. гузашта, мавзӯҳое, ки барои баррасӣ ва тасдиқ пешниҳод гардиданд, аҳамиятнок ва мубрам шуморида шуданд.

Ба таъкиди ҳайати Комиссияи байникафедравии таҳлиливу мушоҳидавии донишгоҳ, кори таҳқиқотии унвонҷӯйҳо дар самти омӯзиши афзалиятноки бемориҳои номбурда, пешгирӣ ва табобати онҳо дар шароити кунунии кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.

Ҳайати Комиссияи байникафедравии таҳлиливу мушоҳидавии МДТ "Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино" бо шунидани мавзӯҳои пешниҳодшуда аз тарафи унвонҷӯҳо, мулоҳизаҳои хешро баён намуда, барои идомаи таҳқиқ ва комил намудани рисолаҳои илмӣ ба унвонҷӯҳо барор хостанд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа



6
5
4
3
2
1
20.05.2021 389

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php