Ёддошти тафоҳум миёни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Академияи “Болашак”
Санаи 31-уми октябри соли ҷорӣ ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ ректори Академияи “Болашак”- муассисаи хусусии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон Менлибаев Куралбай Несипбековичро ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории байни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва ин муассисаи хусусии таълимӣ ба тавсиб расонида шуд.
Зимнан, Академияи “Болашак” бо қарори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон 25 сентября 1995 таъсис ёфта, аз соли 2004 пурра ба системаи таҳсили кредитӣ гузаштааст. Дар мувофиқа бо Стратегияи давлатии рушди таҳсилоти Ҷумҳурии Қазоқистон то соли 2020 муассисаи мазкур гузариш ба стандарти ҷаҳонии сифати таҳсилотро давра ба давра амалӣ менамояд. Академияи “Болашак” дар қатори 15 макотиби олиест, ки ба Меморандуми донишгоҳҳои Қазоқистон дар доираи барномаи ҳамроҳ шудани Қазоқистон ба давраи Болонӣ имзо гузоштааст.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия