“Як камарбанд, як роҳ” ташаббусе бар нафъи минтақа

“Як камарбанд, як роҳ” ташаббусе бар нафъи минтақа

30 апрели соли 2019 дар бинои  “Шаҳраки Шифобахш” таҳти роҳбарии муовини раиси ҲХДДТ  дар  ташкилоти ибтидоии “Ворисони  Сино” профессор Шерматов Д.С. ҷаласаи сиёсӣ оид ба сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати Миллӣ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷуҳурии мардумии Чин шуда гузашт, ки дар он омӯзгорон  ва донишҷуён иштирок карданд.

Мавриди зикр аст, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии “Як камарбанд, як роҳ”   ба шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин ташриф оварданд.   Дар кори форум Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои 40 кишвари олам, роҳбарони ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ иштирок намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалинҳо шуда дар ин ҷаласа суханронӣ карда, таъкид намуданд, ки ҷаҳони муосир ва башарият ру ба руи мушкилоти глобалӣ, аз қабили таъсири буҳронҳо ба иқтисоди кишварҳо, муноқишаҳо, тағйирёбии иқлим ва нобаробарии иҷтимоӣ дар бисёр минтақаҳо гардидааст. Барои ҳалли ин мушкилот пешниҳоди ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” вокуниши саривақтию серталаб ба шумор меравад ва он манфиатҳои иқтисодии бисёр давлатҳоро дар худ муттаҳид месозад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва сарони як қатор кишварҳо ба хотири рушду густариши муносибатҳои ҳамкорӣ мулоқотҳои дуҷониба анҷом доданд.                                  

Мӯҳтавои ҷаласаи сиёсии имрӯза низ баррасии натиҷаҳои сафари судманди  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷуҳурии мардумии Чин буд. Профессор Шерматов Д.С. -муовини раиси ҲХДДТ  дар  ташкилоти ибтидоии “Ворисони  Сино”, ки ҷаласаро роҳбарӣ менамуд,  зимни суханронӣ ба вазъи сиёсии имрӯза дар љањон, бахусус амалҳои ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ, ки бештар характери сиёсӣ гирифта, доираи фаъолияти террористон васеъ гардидааст, ишора намуд. Яке аз мушкилоти умдаи имрӯза тамоюл ва гароиши ҷавонон ва ҳамин гуна, ҷамъияти асосии мамлакат ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоист. Аз назари геополитикӣ Тоҷикистон кишварест, ки дар қалби Осиёи Марказӣ ҷойгир шудааст ва дар марзи азимтарин тамаддунҳои дунё қарор дорад. Табиист, ки ҳар кадом аз давлатҳои абарқудрат саъй хоҳад кард, то манфиатҳои сиёсӣ ва арзишҳои идеологии худро дар давлати навбунёди мо пайгирӣ намояд. Ҳол он, ки аз ҷониби давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ягонаи татбиқи идеяҳои низоми давлатдорӣ, яъне бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб гардидааст. Аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ вобаста ба пешгирии чунин амалҳои зишту нанговар тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд. Вале як сохтор ё мақоми давлатӣ наметавонад ба танҳоӣ кулли ҷомеаро тағйир диҳад. Барои он, ки мардуми мо, хусусан, ҷавонон маърифати созанда дошта бошанд ва на маърифати сӯзанда, бояд ҳар як идораву муассиса, ҳар як фарди дилогоҳу ватандӯст, ҳар кадоми мо даст дар дасти ҳам ниҳем ва дар ҳамбастагӣ онҳоро аз ҷодаи торики гумроҳӣ то шоҳроҳи мунаввари ваҳдат ҳамроҳӣ намоем. Ҳамаи мо вазифадорем, ки пеш аз ҳама, худамон намунаи ибрат бошем, нангу номуси ватандорӣ дошта бошем, мардуми кишварро ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят кунем, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнатро ба манфиатҳои миллат ва давлат гирем, воло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту меҳанпарвар бошем.

Профессор Шерматов Д.С. дар идомаи сухан ба рушду такомули беш аз пеши пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе ишора намуда, қайд кард, ки  дар таърихи ҳар халқу миллат пойтахт дар самти рушду такомули давлатдорӣ, пешрафти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии он нақши калидӣ мебозад. Дар ин раванд, шаҳри Душанбе ҳамчун маркази давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, рисолати хешро дар бобати рушди самтҳои мухталифи ҳаёти мамлакат муваффақона иҷро мекунад. Бо таваҷҷуҳ ба ҳамаи ин рушду пешрафт, мо ҳамчун шаҳрванди бо маърифат бояд дар пойтахт чунин фазоеро фароҳам оварем, ки ҳар як меҳмон имконияти ошноии ҳамаҷониба пайдо кардан ба арзишҳои таърихиву фарҳангии мардуми куҳанбунёдамонро дошта бошад ва муҳаббату меҳмоннавозӣ, муносибати дӯстона ва хайрхоҳонаи моро эҳсос намояд. Дар ин раванд, ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки пойтахт симо ва оинаи давлату миллат мебошад ва барои покизаву пурҷило нигоҳ доштан ва ба ҷаҳониён ба таври арзанда муаррифӣ кардани он ҳар як сокини пойтахт масъулият доранд.

Профессор Шерматов Д.С. ҳамзамон аз одоби  либоспушӣ сухан гуфта, таъсири бегонагон ба арзишҳои миллӣ, бахусус забони давлатӣ, либоси миллӣ ва ахлоқи ниёгонамон дар замони муосирро масъалаи ташвишовар хонд ва донишҷуёнро ба њушёрии сиёсї даъват намуд.

Мудири кафедраи биология дотсент Холбеков М.Ё ва устодони кафедраҳои физика ва биология Мирзоахмедов М.Х., Шахсибекова Н.Н. низ дар баромади худ  донишҷӯёнро огоҳ карданд,  ки ба ҳар хел гуруҳҳои номаълуму ифротї нагараванд ва маъданияти шаҳрнишинӣ ва шаҳрдориро риоя кунанд.

Ч.Ҷ. Муратова,    котиби  ҲХДТ   


4
3
2
1
03.05.2019     42