Ворисони Сино-пайравони Пешвои миллатанд

Ворисони Сино-пайравони Пешвои миллатанд

Дар кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдаконаи МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” санаи 30 сентябри соли 2021 аз ҷониби муаллими кафедра –Ашурова Н.П. дарси тарбиявӣ дар мавзӯи: “Ворисони Сино - пайравони Пешвои милатанд” бо иштироки кормандони кафедра ва донишҷӯёни курси 3-юми факултети тиббӣ гурӯҳҳои 6 ва 11гузаронида шуд. Донишҷӯёни курси 3, гурӯҳи 11, Ҳабибова Г., Холиқзода А., Норматова М., Рамзияи Ф. барои ҳозирин маърӯзаҳои пурмазмун пешкаш намуданд.

Фариштаҳои сафедпӯши Ватан. Ин ҷумла алҳол вирди забони тамоми мардуми тоҷик аст. Бо як ихлоси бепоён ва бо як умеде имрӯз мардум тамоми ҳаёту мамоти худро баъд аз Худованд ба дастони муъҷизаосои ин «Фариштагон» супурдаанд ва месазад, ки исми эшонро бо ҳарфҳои бузург сабт намуд.

Табибони тоҷик аз азал дар ҷаҳон маълуму машҳур буданд. Саркардаи онҳо Абӯалӣ ибни Сино аст, ки китобҳои эҷодкардаи ин мутафаккири барҷаста китоби рӯимизии табибони Аврупо ва Амрикост. Зиндагӣ аҷиб аст. Рӯзе хабари ба дунё омадани нафареро мешунавему рӯзе хабари марги дигареро. Имрӯз нафареро хандону солим дар кӯча во мехӯрем, вале фардо хабари фавташро. Ин аст, ки дунёро бевафо меноманд, зеро умри одам гузарост. Ба ҳама бевафоиҳои дунёву зиндагӣ нигоҳ накарда, мо зиндагиро дӯст медорем. Мехоҳем зиндагӣ кунем, ба ҳадафҳову орзуҳои хеш бирасем ва хушбахт бошем. Ҳангоме хатареро нисбати саломатии худ эҳсос менамоем, зуд ба табибон муроҷиат мекунем. Барои барқарор намудани саломатии хеш, барои идомаи зиндагӣ ва роҳ ба сӯи талошҳо.

Алҳол, ки ҷаҳон дар мубориза бар зидди пандемия қарор дорад, муборизони асосии ин роҳ табибон ба ҳисоб мераванд.

Ҳукумати кишвар хизматҳои табибонро беҷавоб нагузошта, барои фаъолияти пурсамари онҳо тадбирҳои муассир андешида истодааст.

 

Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона


01.10.2021 253

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php