Ворисони Сино-қаҳрамонони Ватан
Санаи 8 октябри соли 2021 дар кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1 чорабинии фарҳангӣ- таблиғотӣ дар мавзӯӣ “Ворисони Сино-қаҳрамонони Ватан” гузаронида шуд. Дар он мудири кафедра н.и.т., дотсент Мамадҷонова Г.С., Қобилова Б.Ҳ, муаллимони калон Умаров Ҳ.У., Самиева Н.Ш., ассистентон Ҳотамова М.Н., Маҳмудова М.М., Алишерова Н.А., Бақоев Ф.С.. Наврузқулова Ш.Ф. ва ординаторону интерна, инчунин донишҷӯёни бахши 4 ФТ (гурӯҳҳои 63,64,65,66,67,68 ва 69) иштирок намуданд.
Дар аввали ин чорабинӣ ассистенти кафедра Алишерова Н.А. суҳанронӣ намуда, аз ҷумла қайд кард: “Миллати тоҷик аз азал то ба имрӯз, миллати фарҳангшиносу илмпарвар мебошад. Олимону адибони тамоми давраҳои таърих баҳри пешрафти ҷамъият ва ҷомеа саҳми арзандаи хешро гузошта, барои наслҳои дирӯзу имрӯз ва фардои ватан мероси гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Имрӯз, ки Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ҷомеаи башар мебошад, ҳанӯз бо комёбиҳояш дар ҷоддаи илм саҳмгузор аст. Ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафти соҳаи тиб дар ҷумҳурӣ ва берун аз он назаррас буда, боиси сарбаландист, ки ин соҳаи барои ҷомеа муҳим имрӯзҳо ба сатҳи баланд расидааст”.
ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар ҳама давру замон бо устодону олимони худ обруманду сарафроз аст. Устодони донишгоҳ тамоми малакаву тавоноии худро барои донишҷуён сарф карда, баҳри саводнок кардани онҳо саҳми арзандаи хешро мегузоранд. Тамоми кафедраҳо дорои шароитҳои муфид барои таьлим буда, устодон бошанд бо муносибати модаронаву падарона, дар дили донишҷуён шуълаи илму маърифат ва касбиятро меафрӯзанд.
Сипас донишҷӯёни курси 4 факултаи тиббӣ гурӯҳи 68 бо маърӯзаҳо баромад намуданд. Донишҷӯ Нуралиев Муҳаммад бо презентасия баромад намуда, дар поёни суханронӣ бо муроҷиат ба устодон гуфт: “Мо олимони ҷавон аз муносибати одилонаи шумо хеле хушнудем. Аз илму маърифати шумо, устодон мо сарбаландем. Маҳз таҷрибаи бою ғании шумо аст, ки мо ба мартабаи табибӣ расидаем. Муносибати неки шумо инсон будан ва малакаву таҷрибаи омӯзгории шумо табиб буданро ба мо омӯхт.”
Мудири кафедра
н.и.т., досент Мамадҷонова Г.С.
Мутассадӣ оиди корҳои тарбиявӣ
ассистент Ҳотамова М.Н.