Вохурии номзадҳо бо интихобкунандагон

Вохурии  номзадҳо  бо интихобкунандагон
Дар толори Синои МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” вохӯрии номзадҳои пешбаригардида аз ҲХДТ ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо бо интихобкунандагон доир гардид.
Дар вохӯрӣ бо интихобкунандагон Ҳамидиён Илҳомҷон, аъзои Ситоди марказии пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоикистон, Муродов Ҷурабек – роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Меликова Парвина Иноятуллоевна - номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи №2-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Давлатов Изатулло Нусратуллоевич номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №19, Ниёзова Наргис Фазлихудоевна номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҳавзаи интихоботии №22, Ҳаётзода Бозоралӣ Ҷаббор- номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҳавзаи интихоботии №23, Расулов Ҷовидон Қурбонович- номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҳавзаи интихоботии №19 аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон иштирок карданд.
Шахсони боэътимоди номзадҳо шарҳи ҳол ва барномаи пешазинтихоботии номзадҳоро, ки аз Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 сарчашма гирифтааст, манзури интихобкунандагон намуданд. Зимни баромад қайд намуданд, ки ҲХДТ масъалаи рушди омили инсонӣ, таъмини минбаъдаи принсипҳои демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро дар таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ муҳим арзёбӣ намуда, таҳияи барномаҳои махсуси давлатиро ба хотири пешрафт ва бедории андешаҳои нави созанда, масъулиятшиносӣ ва ҷаҳонбинии муосир зарур мешуморад. Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ аз ҳадафҳои асосии барномавии ҳизб сарчашма гирифта, ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо барои расидан ба онҳо вазифаи ҳар як узви ҳизбро ҷиҳати рушди иқтисодиёт ва беҳбуди ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар муайян менамояд.
Даъват шуд, ки 1- уми марти соли равон дар маъракаи муҳими сиёсии интихобот фаъолона иштирок карда, ба арзандатарин номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ овоз диҳанд. Аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ истифода бурда, саҳми назарраси худро дар рушди минбаъдаи кишвар гузоранд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Вохурии номзадҳо бо интихобкунандагон
Вохурии номзадҳо бо интихобкунандагон
Вохурии номзадҳо бо интихобкунандагон
Вохурии номзадҳо бо интихобкунандагон
Вохурии номзадҳо бо интихобкунандагон
Вохурии номзадҳо бо интихобкунандагон
Вохурии номзадҳо бо интихобкунандагон
Вохурии номзадҳо бо интихобкунандагон
Вохурии номзадҳо бо интихобкунандагон
Вохурии номзадҳо бо интихобкунандагон
Вохурии номзадҳо бо интихобкунандагон
Вохурии номзадҳо бо интихобкунандагон
Вохурии номзадҳо бо интихобкунандагон
Вохурии номзадҳо бо интихобкунандагон
25.02.2020 876